Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори Эмомалӣ Раҳмон бо Маҳмуд Аҳмадинажод


Дар нахустин рӯзи сафари президент Раҳмон ба Эрон дар шаҳри Теҳрон музокироти ҳайатҳои расмии ду кишвар бо иштироки раисҷумҳурон баргузор шуд.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҷашни Наврӯз дар шаҳри Шерози Эрон бо як сафар ба он кишвар рафтааст. Президенти Тоҷикистонро дар фурудгоҳи Меҳрободи Теҳрон ҳамтои эронияш Маҳмуд Аҳмадинажод пешвоз гирифт.

Торнамои расмии раисҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, дар музокироти ҳайатҳои расмии Тоҷикистону Эрон вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои ду кишвари ҳамзабон матраҳ буданд. Дафтари матбуоти Эмомалӣ Раҳмон хабар медиҳад, ки ҷонибҳо аз сатҳи ҳамкориҳои ду кишвар дар соҳаҳои энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамлу нақли транзитӣ ва саноат изҳори қаноатмандӣ кардаанд.

«Қаноатмандӣ, аз ҷумла, аз рафти сохтмони нерўгоҳи обии Сангтўда-2, ҷудо гаштани 5 миллион доллари амрикоӣ барои анҷоми комили корҳои сохтмонии нақби «Истиқлол» ва аз оғози раванди омодасозии асноди асосноккунии техникӣ-иқтисодии лоиҳаҳои бунёди нерўгоҳҳои обии Шўроб ва Айнӣ зоҳир карда шуд.», навиштааст торнамои раисҷумҳури Тоҷикистон.

Бунёди корхонаҳои муштараки саноатӣ оид ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ, коркарди пахта ва пашму пўст, меваю сабзавот, истеҳсоли хўрокворӣ ва дигар маводи ниёзи ҳаррўза ва ҳамчунин дар бахшҳои растанипарварӣ, паррандапарварӣ аз ҷумлаи мавзӯъоти сӯҳбатҳо будааст.

Дар ин дидор масъалаҳои ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон бо ҷалби Афғонистон низ баррасӣ шудааст. Ҷонибҳо, бино бар хабари расмӣ, хостори тарҳрезӣ ва омода намудани лоиҳаҳои сохтмони роҳи заминӣ дар масири «Панҷи Поён – Қундуз – Пули Хумрӣ – Мазори Шариф – Шибирғон – Маймана – Ҳирот – Машҳад», бунёди роҳи оҳани «Румӣ – Панҷи Поён – Қундуз – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад», хатти интиқоли барқи «Роғун – Сангтўда – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад» шудаанд.

Ҳамчунин, ҳамкориҳои ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникӣ «аз бахшҳои муҳими робитаҳои бародаронаи Тоҷикистону Эрон» маънидод гардидааст.

Эмомалӣ Раҳмон аз Эрон даъват намудааст, ки дар ҳамоиши байналмилалии «Об барои ҳаёт – солҳои 2005-2015», ки моҳи июн дар Душанбе баргузор мегардад, иштироки фаъол дошта бошад.

Президенти Тоҷикистон ҳамчнуин бо раҳбари рӯҳонии Эрон Алии Хоманеӣ ва роҳбарони дигар давлатҳои ширкаткунандаи ҳамоиши байналмилалии наврўзӣ мулоқот хоҳад кард. Дар Наврӯзи Эрон иштироки сарони Афғонистон, Ироқ ва Туркманистон низ дар назар аст.
XS
SM
MD
LG