Пайвандҳои дастрасӣ

28-уми март дар Ипподром ё майдони аспдавонии шаҳри Душанбе пойгаи равон бахшида ба Наврӯз баргузор мешавад.

Раҳматшо Камолов, мудири бахши варзиши Раёсати ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Душанбе, зимни таъйиди ин хабар ба радиои Озодӣ гуфт, дар ин пойга, ки рӯзи якшанбе соати 10 оғоз меёбад, савораҳо дар аспҳои зоти тоҷикӣ ва инглисӣ ба масофаҳои 1000 метр, 1600 метр ва 2000 метр рақобат мекунанд.

Оқои Камолов афзуд, ташкилкунандагони ин мусобиқаи наврӯзӣ - мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва Вазорати кишоварзии Тоҷикистон - ба ғолибони пойга саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун»-ро тӯҳфа хоҳанд кард.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG