Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар аз вазъи Ботақозиев


Созмони байналмилалии дифои ҳуқуқи башар – Ассотсиатсияи «Ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ» ва «Uzbekistan initiative – London» дар робита ба вазъи Неъматулло Ботақозиев, як фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон, ки дар яке аз боздоштгоҳҳои муваққатӣ дар Душанбе нигоҳ дошта мешавад, изҳори нигаронӣ кардаанд. Дар гузориши муштараки ин созмонҳо гуфта мешавад, ки Неъматулло Ботақозиев ҳудуди як моҳ боз дар боздоштгоҳ ба сар мебарад ва дар ин муддат ба табибон ва вакили дифоъ иҷоза надодаанд, ки аз ӯ дидан кунанд. Масъулони боздоштгоҳ ба намояндагони СММ дар Тоҷикистон низ иҷозаи дидор бо Ботақозиевро надодаанд. Ин созмонҳо гуфтаанд, дар сурати истирдоди Ботақозиев ба Қирғизистон, имкон дорад, ки ӯ мавриди фишору шиканҷа дар ватанаш қарор бигирад. Аз ин рӯ дар муроҷиатномаи худ созмонҳои байналмилалии аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хостаанд, ки ба сарнавишти фаъоли ҳуқуқи башари Қирғизистон расидагӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG