Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои сабқати интихобии Ҷоми раиси Конфедеросиюни футболи Осиё моҳи май дар Мянмар (гурӯҳҳои «В» ва «С») ва Бангладеш (гурӯҳи «А») баргузор хоҳанд шуд.

Дар сабқати интихобии Ҷоми раиси AFC, ки аз 12-ум то 16-уми май доир мешавад, дастаҳои қаҳрамони футболи 11 кишвари қора ширкат хоҳанд кард. Дастаҳо бар асоси қуръакашӣ ба се гурӯҳ тақсим шудаанд.

Дар сабқати гурӯҳи «В», ки аз 10-ум то 14-уми май дар пойтахти Мянмар – шаҳри Янгон доир мешавад, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон, бо дастаҳои «Нагакорп»-и Камбоҷа, «Ринаун»-и Шри-Ланка ва «Озмоишгоҳи Хан»-и Покистон қувваозмоӣ хоҳад кард.

Ба гурӯҳи «А» «Дордой»-и Қирғизистон, «Абахан»-и Бангладеш, «Йоеди»-и Тайван ва қаҳрамони Непал дохиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ аз 12-ум то 16-уми май дар пойтахти Бангладеш – шаҳри Дакка барпо мегарданд.

Ба гурӯҳи «С» се даста - «Яданарбон»-и Мянмар, МТТУ-и Туркманистон ва «Друкстарс»-и Бутан шомиланд. Бозиҳои ин гурӯҳ дар Мянмар аз 9-ум то 13-уми май баргузор мешаванд.

Ғолибони ҳарсе гурӯҳ ва беҳтарин дастаи ҷойҳои дуввум ба даври ниманиҳоӣ роҳхат мегиранд. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми раиси AFC моҳи сентябр доир хоҳад шуд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG