Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шукронаи як оилаи пиронсолон


Гулбон Mӯсоева дар нахустин рӯзҳои моҳи фарвардин ба синни 93-солагӣ расид. Вай мегӯяд, модараш ҳамеша таъкидаш мекард, ки ӯ дар Наврӯз таваллуд шудааст.

Бобои Забир, шавҳари ӯ, мегӯяд, вай аз хонумаш 12 сол калонтар буда, 105 сол дорад. Ҳамроҳ бо ин пиру кампир духтарашон Хузайча ба сар мебарад, ки 63 сол дорад, ва бечора мариз аст. Дигар фарзандони ин хонавода дар Душанбе ва дигар рустоҳои Ғарм ба сар мебаранд.

Он чи ки барои хонанда аҷиб хоҳад буд, ин аст, бо ин синну сол бобои Забир ва холаи Гулбон қариб ҳама кори хонаро худ анҷом медиҳанд. Гулбон Мӯсоева мегӯяд, то ҳанӯз аз сиҳатии худ шикоят надорад, таому нон ва рубучини рҳи ҳавлиро ба осонӣ анҷом медиҳад.

Аммо Бобои Забирро ҳарчанд солҳои ахир вазъи сиҳатиаш чандон хуб нест, бо ин ҳама бекор наменишинад ва нигоҳубини чорвову таҳияи ҳезумро то имрӯз ӯҳда мекардааст. Дар баробари ин ҳама Забири Шариф аз рӯзгори гузашта хотироти зиёде дорад. Ҷангҳои босмачигарӣ, колхозсозии солҳои 30-юм ва ҶБВ-ро хуб дар ёд дорад ва мегӯяд, дар бунёди роҳи Душанбе-Бадахшон ва Душанбе-Ғарм саҳм доштааст.

Ин пиру кампир мегӯянд, дар тамоми умр бадиро ба касе раво надидаанд, то тавонистаанд дар зиндагӣ дасти дармондаеро гирифтаанд. Хонуми Гулбон таҳияи равғани бодомро дар баробари таббохию дӯзандагӣ аз дигар ҳунарҳои доштааш медонад. Вай гуфт, равғане, ки ӯ таҳия мекунад, бо тозагӣ ва шифобахшиаш ҳаводорони худро доштааст. Аммо ҳунари сарояндагӣ дигар хотироти ширинест аз ҷавониҳои ӯ.

Ин хонавода хоксорона зиндагӣ мекунад ва ҳамагӣ аз давлат 180 сомонӣ барои се нафар нафақа мегиранд. Ягона имтиёзе, ки мақомоти маҳаллии Рашт дар ихтиёри онҳо вогузор кардааст, ин напардохтани пули истифодаи нерӯи барқ ва андози замини ҳавлиашон будааст. Вале бо ин ҳама бобои Забир ва холаи Гулбон саломатиро беҳтарин неъмат медонанд, ки Худованд барояшон арзонӣ доштааст.
XS
SM
MD
LG