Пайвандҳои дастрасӣ

Анҷоми Бозиҳои Х зимистонаи паралимпӣ дар Ванкувер


Бозиҳои Х зимистонаи паралимпӣ, ки дар шаҳри Ванкувери Канада бо ширкати 1300 варзишгари маълул аз 44 кишвари олам дар 5 навъи варзиш баргузор шуданд, ба анҷом расиданд.

Мунтахаби Олмон бо касби 24 медал, аз он ҷумла 13 нишони тилло, дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал қарор гирифт.
Мунтахаби Русия бо касби 38 медал, аз он ҷумла 12 нишони тилло, дуввум шуд. Мунтахаби Канада, ки ҳамагӣ 19 медал, аз он ҷумла 10 нишони тилло, ба даст овард, ҷои севумро касб кард.

Дар маҷмӯъ намояндагони 21 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст оврданд. Дар баробари варзишгарони маълули Олмон, Русия ва Канада, ҳамчунин, намояндагони Словакия, Укроин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Австрия, Ҷопон, Беларус, Фаронса, Италия, Норвегия, Испания, Швейтсария ва Зеландияи Нав ба унвони қаҳрамони Бозиҳои Х зимистонаи паралимпии Ванкувер даст ёфтанд.

Паралимпиада-2010. Мавқеи дастаҳои мунтахаб дар ҳисоби умумидастаӣ:


1. Олмон - 24 (13+5+6)
2. Русия - 38 (12+10+16)
3. Канада - 19 (10+5+4)
4. Словакия - 11 (6+2+3)
5. Укроин - 19 (5+8+6)
6. ИМА - 13 (4+5+4)
7. Австрия - 11 (3+4+4)
8. Ҷопон - 11 (3+3+5)
9. Беларус - 9 (2+0+7)
10. Фаронса - 6 (1+4+1)
11. Италия - 7 (1+3+3)
12. Норвегия - 6 (1+3+2)
13-14. Испания - 3 (1+2+0)
13-14. Швейтсария - 3 (1+2+0)
15. Зеландияи Нав - 1 (1+0+0)
16. Кореяи Ҷанубӣ - 1 (0+1+0)
17. Австралия - 4 (0+1+3)
18. Финляндия - 2 (0+1+1)
19. Шветсия - 2 (0+0+2)
20-21. Чехия - 1 (0+0+1)
20-21. Полша - 1 (0+0+1).

Вале дар Бозиҳои Х зимистонаи паралимпии Ванкувер намояндагони Тоҷикистон ширкат надоштанд.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG