Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқоти наврӯзӣ


Муҳаммад Абдураҳмонов, ғолиби мусобиқаи гуштии миллӣ дар Данғара
Муҳаммад Абдураҳмонов, ғолиби мусобиқаи гуштии миллӣ дар Данғара

Муҳаммад Абдураҳмонов, паҳлавони шаҳри Душанбе, бо ҷоизаи аслии мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии миллӣ бахшида ба Иди Наврӯз – мошини сабукрави тамғаи «Жигули» ВАЗ-07 мукофотонида шуд.

Сабқати паҳлавонӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Данғара бо ширкати 215 нафар паҳлавонон аз манотиқи мухталифи кишвар дар ду гурӯҳ баргузор шуд.

Муҳаммад Абдураҳмонов дар гурӯҳи гуштигирони вазнашон беш аз 80 килограмм бар рақибони худ дастболо шуда, ба даври ниҳоӣ роҳ ёфт. Вай дар қувваозмоии ҳалкунанда бар ҳарифи пуртаҷрибааш Шералӣ Бозоров ғолиб омад. Бад-ин тартиб донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон Муҳаммад Абдураҳмонови 23-сола, ки зодаи ноҳияи Фархор ва узви бошгоҳи марказии варзишии Вазорати дифоъи кишвар мебошад, соҳиби мошини сабукрав гардид.

Бояд тазаккур дод, ки дар ин гурӯҳ 56 нафар зӯртарин паҳлавонони тоҷик, монанди Набимуҳаммад Хоркашев, Парвиз Собиров, Рауф Ҳикматов, Умед Асадбеков ва дигарон ҳунарнамоӣ карданд. Набимуҳаммад Хоркашев, барандаи медали нуқраи мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо дар соли 2009, дар мусобиқаи Наврӯзӣ дар Данғара ба ҳарифони аслиаш Умед Асадбеков ва Парвиз Собиров ғалаба кард. Вале қувваозмоии ӯ бо паҳлавони маъруф Рауф Ҳикматов, ки хеле тӯл кашид, бенатиҷа анҷом ёфт ва ҳарду аз мусобиқа хориҷ шуданд.

Сабқати гурӯҳи паҳлавонони вазнашон аз 70 кг то 80 кг бо ширкати 159 гуштигир аз шаҳру навоҳии кишвар сурат гирифт. Дар қувваозмоии ниҳоӣ паҳлавони шаҳри Душанбе Исроил Неъматов, ки бар ҳамшаҳриаш Ҷӯрахон Назаров ғолиб омад, бо Ҷоми Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва бо саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» ба маблағи 1500 сомонӣ сарфароз гардид.

Ҳамзамон дар ноҳияи Данғара сабқати бузкашӣ ва пойгаи аспдавонӣ сурат гирифт. Ба ғолиби сабқати бузкашӣ човандози 34-сола Рӯзиқул Қараев (аз ноҳияи Ёвон), ки дар аспи Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси кумитаи амният ва дифоъи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, рақобат кард, мошини сабукрави тамғаи «Жигули» ВАЗ-07 супурда шуд.

Дар пойгаи аспдавонӣ варзишгардухтарони ноҳияи Данғара хоҳарон Нурхоноваҳо пирӯз гаштанд. Ба ғолиби мутлақи пойга Мавлуда Нурхонова уштур тӯҳфа шуд.

21-уми март мебоист дар Варзишгоҳи марказии Душанбе мусобиқаи кушодаи шаҳрӣ оид ба гуштии миллӣ барпо мегардид. Вале бинобар номусоидии обу ҳаво (боришоти зиёд) ин мусобиқа доир нашуд ва дар назар аст, ки сабқати паҳлавонӣ рӯзи 24-уми март барпо хоҳад шуд.

Пойгаи наврӯзӣ дар ипподроми Душанбе

Рӯзи якшанбеи 21-уми март дар ипподром ё майдони аспдавонии пойтахти кишвар пойгаи аспдавонӣ сурат гирифт.

Инҳо ғолибони мусобиқа гардиданд:

пойгаи аспҳои дусолаи зоти тоҷикӣ ба масофаи 1000 метр - асп бо лақаби «Робия», соҳиби асп Маҳмадӣ Ҳакимов (ноҳияи Фархор), савора Юрий Салоҳиддинов,

пойгаи аспҳои сесолаи зоти тоҷикӣ ба масофаи 1600 метр - асп бо лақаби «Варф», соҳиби асп Ҳикматуллоҳи Садриддинзода (Душанбе), савора Алиҷон Муродов,

пойгаи аспҳои чаҳорсолаи зоти тоҷикӣ ба масофаи 1600 метр байни занон - асп бо лақаби «Брезент», соҳиби асп КВД «Ипподром»-и Душанбе, савора Зарина Мирзоева,

пойгаи аспҳои чаҳорсолаи зоти тоҷикӣ ба масофаи 1600 метр байни занон - асп бо лақаби «Вирус», соҳиби асп Дӯстмурод Ҳакимов, ноҳияи Файзобод, савора Бозоргул Нурхонова, Данғара,

пойгаи аспҳои сесолаи зоти англисӣ ба масофаи 1600 метр - асп бо лақаби «Дублёнка», соҳиби асп Маҳмадӣ Ҳакимов, ноҳияи Фархор, савора Аслам Ҳамроқулов,

пойгаи аспҳои чаҳорсолаи зоти тоҷикӣ ба масофаи 1600 метр - асп бо лақаби «Беслания», соҳиби асп КВД «Ипподром»-и Душанбе, савора Салоҳиддин Сатторов,

пойгаи аспҳои чаҳорсолаи зоти тоҷикӣ ба масофаи 2000 метр - асп бо лақаби «Вибролон», соҳиби асп заводи асппарварии «Дошмандӣ»-и Файзобод, савора Хуршед Сатторов,

пойгаи аспҳои чаҳорсолаи зоти асили англисӣ ба масофаи 2000 метр - асп бо лақаби «Эйбл», соҳиби асп Маҳмадӣ Ҳакимов, ноҳияи Фархор, савора Аслам Ҳамроқулов.

Ба ғолибони пойга саҳмияҳои Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Нерӯгоҳи барқи обии Роғун» супурда шуд.

Ба иттилоъи Алимаҳмад Мирзоев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон, бахшида ба Иди Наврӯз, ҳамчунин, дар шаҳру навоҳии кишвар ба ғайр аз гуштии миллӣ, аз рӯи навъҳои маъмули варзиш, ба мисли шоҳмоту шашка, волейбол, футбол, тенниси рӯи миз ва ғайра мусобиқот ҷараён доранд.

Рӯзҳои 28-ум ва 29-уми март бошад, дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаи қаҳрамонии Осиёи Марказӣ оид ба гуштии самбо баргузор хоҳад шуд.

Aspdavoni
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00
XS
SM
MD
LG