Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Наврӯзи боронии шаҳри Душанбе


Ҳазорон сокинони шаҳри Душанбе субҳи рӯзи 21-уми март новобаста аз ҳавои боронӣ барои таҷлили Наврӯз дар Боғи ботаникии пойтахт ҷамъ омаданд.

Дар ин ҷашнвора Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, Муҳаммадсаид Убайдуллоев, раиси шаҳри Душанбе ва як идда вазирону намояндагони Маҷлиси миллӣ ширкат карданд.

Эмомалӣ Раҳмон сокинони пойтахт ва кулли Тоҷикистонро бо фарорасии Наврӯз табрик гуфт ва ҳозиринро ба кумаку дастгирии ниёзмандон ва ятимону бепарасторон дар айёми Наврӯз даъват кард.

Бо вуҷуди борони шадид дар наврӯзгоҳи имсолаи пойтахт аз сӯбҳ мардуми зиёде ҷамъ омада буд ва бисёре аз онҳо имкони ворид шудан ба боғро пайдо накард. Дар байни меҳмонон шаҳрвандони хориҷӣ низ ба назар мерасиданд.

Ба фарқ аз солҳои қаблӣ вуруди мардум ба базмгоҳи наврӯзӣ дар Боғи ботаникӣ аз сӯи кормандони мақомоти интизомӣ тафтиш ва назорат мешуд.

Дар ҷашнвораи имрӯза консерти идонаи наврўзӣ бо ширкати овозхонони маъруфи кишвар баргузор гашт. Дар гулгаштҳои Боғи ботаникӣ намоишгоҳи таомҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар маърази тамошо гузошта шуд.

Бино ба иттилои дафтари матуботии шаҳрдории Душанбе, Наврӯз дар пойтахт то 25-уми март идома хоҳад кард ва як қатор маъракаҳои идона баргузор хоҳад шуд.

Дар ҷаҳорчуби барномаи идона зуҳри имрӯз дар варзишгоҳи марказии шаҳр мусобиқаи ҷумҳуриявии гуштингирӣ бо ширкати паҳлавонони маъруфи кишвар баргузор мешавад.

Ба гуфтаи дафтари матбуотии шаҳрдори Душанбе, ноҳияҳо ва маҳаллаҳои пойтахт Наврӯзро рӯзҳои 22 ва 23 март таҷлил хоҳанд кард
XS
SM
MD
LG