Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паралимпиадаи Ванкувер: натоиҷи 4 рӯзи мусобиқот


Бозиҳои Х зимистонаи Паралимпӣ дар шаҳри Ванкувери Канада бо ширкати 1300 варзишгари маълул аз 44 кишвари олам дар 5 навъи варзиш – лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, биатлон, керлинг ва хоккей дар чаначаҳо ҷараён доранд.

Пас аз натиҷагирии чаҳор рӯзи мусобиқот варзишгарони маълули 17 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Мунтахаби Русия бо касби 15 медал – 6 нишони тилло, 6 нуқра ва 3 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ мисли пешин дар ҷои аввал мебошад. Мунтахаби Олмон бо касби 6 медал – 4 тилло ва 2 нуқра дуввум аст. Мунтахаби Словакия, ки 3 медали тилло гирифтааст, дар ҷои севум қарор дорад.

Инчунин боз дастаҳои мунтахаби 14 кишвар соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд:
4. Канада - 7 (2+3+2)
5. Укроин - 7 (2+2+3)
6. Австрия - 4 (2+1+1)
7. ИМА - 4 (1+2+1)
8. Беларус - 4 (1+0+3)
9. Зеландияи Нав - 1 (1+0+0)
10-11. Испания - 2 (0+2+0)
10-11. Норвегия - 2 (0+2+0)
12-13. Финляндия - 1 (0+1+0)
12-13. Швейтсария - 1 (0+1+0)
14-15. Италия - 3 (0+0+3)
14-15. Ҷопон - 3 (0+0+3)
16. Австралия - 2 (0+0+2)
17. Лаҳистон - 1 (0+0+1)
XS
SM
MD
LG