Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раисҷумҳур Раҳмон: "Интихобот шаффоф буд"


Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон интихоботи порлумонии рӯзи 28-уми февралро шаффоф ва демократӣ хонд ва гуфт, он дар фазои ором ва осуда доир гардид.

Эмомалӣ Раҳмон ин ҳарфҳоро имрӯз дар ҷаласаи нахустини Маҷлиси намояндагони кишвар, даъвати чорум, ба забон овард.

Президент гуфт, дар муқоиса бо солҳои қабл Тоҷикистон дар самти баргузории интихоботҳо як қадам ба сӯи пеш гузошт ва дар интихоботҳои баъдӣ дар роҳи расидан ба арзишҳои демократӣ боз ҳам ба дастовардҳои бештар ноил хоҳад шуд.

Раисҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин гуфт, набояд фаромӯш кард, ки ҳамаи он бадбахтиҳое, ки дар Тоҷикистон сурат гирифта буд, аз
интихоботҳо сар зада буд. Аз ин рӯ, ӯ даъват кард, ки вазъи он замон бо имрӯз муқоиса карда шавад. Ӯ гуфт, замоне аҳзоб имкони фаъолият надоштанд, вале имрӯз дар пешорӯи ин интихобот онҳо озодона ба таблиғи барномаҳои худ машғул буданд.

Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин гуфт, ҳукумат омодаи ҳамкориҳо бо аҳзоби сиёсӣ мебошад ва барномаҳои ин ҳизбҳо омӯхта шуда, пешниҳодҳои беҳтаринаш барои рушди сатҳи зиндагии мардум ва иқтисоди кишвар амалӣ хоҳанд шуд. Ӯ гуфт, аз мушкилоти ҷомеа, махсусан фасод огоҳ ҳаст, вале бояд дар рафъи ин мушкилот ҳама аз як гиребон сар бароваранд.

Ӯ гуфт, аз ҳизбҳо душман набояд тарошид, балки ба хотири ваҳдати миллӣ бо онҳо бояд ҳамкорӣ намуд.

Раисҷумҳур Раҳмон ҳамчунин аз хидматҳои Сайдулло Хайруллоев, ки даҳ соли ахир дар ду даъвати Маҷлиси намояндагон раиси палатаи поёнии порлумон буд, қадрдонӣ намуд. Президент Раҳмон, ки ҳаққи пешбарии 8 нафарро ба Маҷлиси миллӣ дорад, гуфт, Сайдулло Хайруллоевро ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад. Маҷлиси миллӣ аз 33 узв иборат аст, ки 8 нафарашро раисҷумҳур таъин мекунад ва 25 нафари дигар аз манотиқи гуногуни кишвар интихоб мешаванд.

Ва аммо дар панҷ соли баъдӣ дар курсии Сайдулло Хайруллоев дар Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров хоҳад нишаст. Муовинҳои ҷаноби Зукуров дар Маҷлиси намояндагон Амиршо Миралиев (муовини аввал), Назира Ғаффорова ва Миргант Шаҳбозов мебошанд.

Аҳзоби мухолиф: интихобот шаффоф набуд

Дар ҳоле Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон интихоботро "шаффоф" унвон мекунад, ки аҳзоби сиёсии муҳими кишвар, назири ҲНИТ ва ҲКТ аз натиҷаҳои эълоншудаи интихобот шадидан изҳори нигаронӣ намудаанд.ҲНТ бо нишони эътироз ба натиҷаҳои интихобот ҳатто аз Шӯрои ҷамъиятии ҳизбу созмонҳои иҷтимоии Тоҷикистон ба раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон хориҷ шуд.

ҲНИТ ва ҲСДТ қасд доранд натиҷаҳои интихоботи порлумониро дар додгоҳ ба баҳс бикашанд.

Инчунин, бархе созмонҳои нозир, аз ҷумла назирони САҲА дар гузориши худ аз ҷараёни интихобот эълон карданд, ки интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки дар таърихи 28 феврал баргузор шуд, фазои ороме дошт, аммо ба меъёрҳои байналмилалӣ посухгӯ набуд.
XS
SM
MD
LG