Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Вахш» – барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев


Дастаи футболи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев гардид.

Дар бозии ниҳоӣ, ки 15-уми март дар варзишгоҳи ба номи Сафарбек Каримови ноҳияи Хуросон сурат гирифт, «Вахш» бо рақиби аслиаш «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода қувваозмоӣ кард.

Замони асосӣ ва изофӣ бо натиҷаи мусовӣ ва бидуни гол хотима ёфт. Бозигарони «Вахш» дар задани силсилаи зарбаҳои 11-метра ё пенолти хубтар маҳорат зоҳир карда, бо ҳисоби 4:3 ғолиб гаштанд.

Пеш аз бозии ниҳоӣ дар варзишгоҳи ноҳияи Хуросон ду дастаи шаҳри Душанбе - «Энергетик» ва ССКА «Помир» барои ҷои севум талош карданд. Замони асосӣ ва изофии ин дидор бо натиҷаи мусовии 1:1 ба анҷом расид. Аз рӯи силсилаи зарбаҳои 11-метра «Энергетик» бо ҳисоби 4:2 ва ҳисоби умумии 5:3 пирӯз шуда, мақоми севумро касб кард.
XS
SM
MD
LG