Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паралимпиадаи Ванкувер: натоиҷи 2 рӯзи мусобиқот


Бозиҳои Х зимистонаи Паралимпӣ дар шаҳри Ванкувери Канада бо ширкати 1300 варзишгари маълул аз 44 кишвари олам дар 5 навъи варзиш – лижаронии кӯҳӣ, пойгаи лижаронӣ, биатлон, керлинг ва хоккей дар чаначаҳо ҷараён доранд.

Пас аз натиҷагирии ду рӯзи мусобиқот варзишгарони маълули 14 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Мунтахаби Русия бо касби 10 медал – 4 нишони тилло, 4 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷои аввал мебошад. Мунтахаби Укроин бо касби 6 медал – 2 тилло, 1 нуқра ва 3 биринҷӣ дуввум аст. Мунтахаби Австрия, ки 2 медали тилло ва 1 биринҷӣ гирифтааст, дар ҷои севум қарор дорад.

Инчунин боз дастаҳои мунтахаби 11 кишвари дигар соҳиби медалҳои олимпӣ гардидаанд:
4. Олмон - 2 (2+0+0)
5. Беларус - 2 (1+0+1)
6. Словакия - 1 (1+0+0)
7. Канада - 3 (0+3+0)
8. ИМА - 2 (0+1+1)
9-11. Испания - 1 (0+1+0)
9-11. Финляндия - 1 (0+1+0)
9-11. Норвегия - 1 (0+1+0)
12. Италия - 2 (0+0+2)
13-14. Австралия - 1 (0+0+1)
13-14. Ҷопон - 1 (0+0+1).

Вале ба иттилоъи масъулини Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар Паралимпиадаи Ванкувер Тоҷикистонро касе намояндагӣ намекунад.
XS
SM
MD
LG