Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ҷонибдорони ҳукумати Эрон ба хонаи Каррубӣ


Ҷонибдорони ҳукумати Эрон имрӯз сӯи хонаи яке аз раҳбарони мухолифин Меҳдии Каррубӣ қуттиҳо бо ранги сурхро андохтанд. Онҳо дар назди ин манзил тазоҳурот карда, бо шиорпартоӣ хостори эъдоми раҳбарони мухолифин шуданд. Меҳдии Каррубӣ яке аз довталабони курсии раёсатҷумҳурӣ дар интихоботи баҳсбарангези президентии моҳи июни соли гузашта буд, ки дар он, ба иттилоъи расмӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод пирӯзӣ ба даст овард. Мухолифин арқоми ниҳоии эълоншударо қабул надоранд ва дар чандин тазоҳурот хостори лағви натиҷаҳои интихобот шуданд.
XS
SM
MD
LG