«Регар» ТадАЗ дар бозии ниманиҳоӣ, ки 13-уми март дар варзишгоҳи ба номи Сафарбек Каримови ноҳияи Хуросон сурат гирифт, бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд. «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар ин варзишгоҳ ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:0 шикаст дод.
Бад-ин тартиб барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ байни дастаҳои «Регар» ТадАЗ ва «Вахш», ки соати 14 дар варзишгоҳи ба номи Сафарбек Каримов шурӯъ мешавад, муайян хоҳад шуд.
Пеш аз бозии ниҳоӣ дар ин варзишгоҳ дастаҳои «Энергетик» ва ССКА «Помир» барои ҷои севум талош хоҳанд кард.