Дар поёни солҳои 70-ум баъди муборизаҳои гурӯҳе аз зиёиён иҷозаи таҷлили Наврӯзро доданд, аммо на ба номи Наврӯз, балки ба номи Иди баҳор. Дар рӯзномаҳо Иди баҳор менавиштанд, Наврӯз навиштан манъ буд, аммо мардум Наврӯз мегуфт.
Тоҷикистон аввалин ҷумҳурии Шӯравӣ буд, ки Наврӯзро бо номи Наврӯз таҷлил кард, бо пуштибонии Бобоҷон Ғафуров. Баъдан Озарбойҷон аз Тоҷикистон пайравӣ намуд.
Аввалин ҷашни расмии Наврӯз дар хиёбони Ленин баргузор шуда буд ва шояд пуршукӯҳтарин Наврӯз дар таърихи Тоҷикистон буд.
Аммо аксҳои ин матлаб таърихи таҷлили Наврӯз дар соли 1983-ро нақл мекунанд. Ин аксҳо моли Тӯхтамурод Рӯзиев мебошанд, ки аз ӯ барои ин аксҳо хеле муташаккир ҳастем.
Хонандагони гиромӣ! Агар шумо низ аксҳои наврӯзии солҳои қаблро доред, ва агар мехоҳед, ки он аксҳои шуморо ҳазорон нафари дигар бубинанд, пас саҳифаи «Хабарнигори Мардумӣ» дар хидмати шумост.