Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоиза ба хабарнигори Радиои Озодӣ


Маъсуми Муҳаммадраҷаб, хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд, соҳиби ҷоизаи Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон дар соли 2010 гардид.

Дар шаҳри Хуҷанд дар як маросиме бахши суғдии Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон ва ҳукумати вилоят ба журналистони фаъоли вилоят ҳадяҳо супорида, аз заҳмати онҳо дар расонаҳо қадрдонӣ карданд. Дар баробари журналистони расонаҳои маҳаллӣ ҳамчунин аз талошҳои хабарнигори Радиои Озодӣ дар вилояти Суғд Маъсуми Муҳаммадраҷаб низ қадрдонӣ шуд.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб ҳамчунин дар соли 2004 барои силсилаи мақолаҳояш дар мавзӯъи қочоқи инсон барандаи ҷоизаи Департаменти давлатии ИМА ва созмони IREX шудааст.

Маъсуми Муҳаммадраҷаб барои бештар аз ҳашт соли ахир дар Радиои Озодӣ кор мекунад. Дар соли 1965 таваллуд шуда, пас аз хатми бахши адабиёти классикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар соли 1990 ба ҳайси муаллим ва журналист кор кардааст.

Ин дуввумин ҷоиза ба хабарнигорони Радиои Озодӣ дар соли ҷорӣ мебошад. Ҳамин чанд рӯз пеш хабарнигори Радиои Озодӣ дар Қурғонтеппа Носирҷони Маъмурзода бо унвони Аълочии матбуоти Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

XS
SM
MD
LG