Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста – муддаиёни Ҷоми Рустам Долтабоев


Сабқати гурӯҳии Ҷоми Рустам Долтабоев оид ба футбол, ки дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо ширкати 8 даста дар ду гурӯҳ баргузор шуд, шоми 12-уми март ба анҷом расид.

Дар гурӯҳи «А» «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 7 имтиёз мақоми аввалро касб кард. ССКА «Помир»-и Душанбе бо 6 имтиёз дуввум шуд. «Хайр»-и Ваҳдат бо 4 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифт. «Ҳосилот»-и Фархор бидуни имтиёз дар зинаи охирин ҷойгир шуд.

Дар гурӯҳи «Б» «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бо 9 имтиёз ҷои аввал ва «Энергетик»-и Душанбе бо 6 имтиёз ҷои дуввумро касб карданд. «Равшан»-и Кӯлоб бо 3 имтиёз севум шуд. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон бидуни имтиёз дар ҷои охирин қарор гирифт.

Бад-ин тартиб дар даври ниманиҳоӣ рӯзи шанбеи 13-уми март «Регар» ТадАЗ бо «Энергетик» ва «Вахш» бо ССКА «Помир» қувваозмоӣ мекунанд.

Барандаи Ҷоми Рустам Долтабоев дар бозии ниҳоӣ, ки рӯзи душанбеи 15-уми март, соати 14 дар варзишгоҳи ба номи Сафарбек Каримови ноҳияи Хуросон баргузор мешавад, муайян хоҳад шуд. Пеш аз бозии ниҳоӣ дастаҳои дар даври ниманиҳоӣ мағлубшуда барои ҷои севум талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG