Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳои ИМА ба вазъи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон


Департаменти давлатии Амрико дар гузориши солонаи худ оид ба вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон ҳукумати Тоҷикистонро барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои озодии сухан, матбуот, дин ва фишор ба созмонҳои ғайридавлатӣ интиқод кардааст.

Дар ин гузориш ба вазъи ҳуқуқи башар дар 194 кишвари ҷаҳон баҳогузорӣ шудааст ва Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида онро "фарогиртарин тазкираи мумкин аз вазъи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон" номидааст.

"Тоҷикистон аз тарафи давлати авторитарӣ идора шуда, ҳаёти сиёсӣ дар ҳукми президент Эмомалӣ Раҳмон ва пуштибонони ӯст, ки асосан аз як минтақаи кишвар бархостаанд". Чунин оғоз меёбад бахши марбут ба Тоҷикистон дар гузориши Департаменти давлатии ИМА.

Фасоди густарда ва маҳдудияти озодии матбуот

Дар гузориш махсусан ба густардагии фасод ҳамчун монеаи ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоӣ тамаркуз дода шудааст. Ва ҳукумати Раҳмон барои ҷорӣ кардани маҳдудиятҳои озодии сухан, матбуот, таҷаммӯъ ва ташаккул, дин ва ҳамла ба созмонҳои ғайридавлатӣ интиқод мешавад.

Қонуни асосии кишвар низоми бисёрҳизбиро таъмин мекунад, аммо дар амал ҳукумат чандандешии сиёсиро маҳдуд кардааст. Интихоботи соли 2006-и раёсатҷумҳурии Тоҷикистон орӣ аз сабқати ҳақиқӣ буд ва ба меъёрҳои байнулмилалӣ посух надод, ҳарчанд дар раванди раъйдиҳӣ бархе аз пешрафтҳо дида шудаанд. Мақомоти мулкӣ ба нерӯҳои амниятӣ назорати устувор доранд.

Дар ин гузориш гуфта мешавад, ки ҳукумат дар мурооти ҳуқуқи инсон таърихчаи бад дорад ва ҳамоно фасод ба ислоҳоти демократӣ ва иҷтимоӣ мамониат мекунад. Сипас дар гузориш аз маҳдудиятҳои ҳуқуқи инсон ба табдили ҳукумат, шиканҷа ва бадрафторӣ бо боздоштшудагон аз тарафи нерӯҳои амниятӣ, беҷазо мондани афроди ин нерӯҳо, радди ҳуқуқ ба додгоҳи одилона, шароити сахт ва таҳдидкунанда ба ҳаёти инсон дар маҳбасҳо, манъи дастрасии созмонҳои байнулмилалӣ ба дидани вазъи маҳбасҳо, маҳдудиятҳо дар озодии сухан, матбуот, ҷамъомад ва дин, ҳамлаи ҳукумат ба созмонҳои ғайридавлатӣ, бадрафтории нерӯҳои амниятӣ бо паноҳандагон, хушунат ва табъиз алайҳи занон, қочоқи инсон ва меҳнати кӯдак сухан меравад.

Марги норӯшани мухолифони сиёсӣ

Ҳукумат, гуфта мешавад дар гузориш, зоҳиран даст ба куштори дорои ангезаи сиёсӣ назадаанд, аммо чанд мухолифи сиёсии режим дар шароити хушунатомез ва норӯшан ба ҳалокат расидаанд. 17-уми июн собиқ вазири умури дохилӣ Маҳмадназар Солеҳов замоне ба ҳалокат расид, ки нерӯҳои амниятии ҳукумат вориди манзилаш шуданд. Ҳукумат мегӯяд, Солеҳов худкушӣ кард.

11-уми июл Мирзо Зиёев, собиқ фармондеҳи нерӯҳои Иттиҳоди оппозисюни тоҷик ва собиқ вазири авзои изтирорӣ дар ҳоле ҳадафи тир қарор гирифт, ки бо сарбозони давлат дар Таивлдара сафар мекард. Ҳукумат мегӯяд, ошӯбгарони худсар ӯро куштанд.

Дар гузориши Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида ҳамчунин аз ҳалокати одамон дар маҳбас ва ё ҳангоми боздошт низ намуна оварда шудааст. Чунончӣ, 27-уми июн як пизишки душанбегӣ ҳангоми гузаштан аз роҳи сафари корвони мошинҳои президент боздошт шуд ва дертар аз марги ӯ хабар расид. Мақомот гуфтанд, вай аз сактаи қалб даргузаштааст, аммо шоҳидон аз осори шиканҷа дар бадани ӯ нақл кардаанд.

Дар гузориш ҳамчунин ба маҳдудиятҳое тамаркуз шудааст, ки пас аз қабули қонуни нави дин дар Тоҷикистон ба вуқӯъ пайвастанд ва инчунин аз зиёдаравиҳо дар татбиқи қонуни танзими расму оин низ сухан рафта, ин аъмол хилофи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон унвон шудаанд.

Соли шиканҷа ва қатлҳои бемаҳкама дар ҷаҳон

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, дар соли 2009 бисёре аз ҳукуматҳо дар саросари ҷаҳон ба нақзи шадиди ҳуқуқи инсон идома доданд.

Дар гузориши вазъи ҳуқуқи инсон, ки ин ниҳод ба нашр расонд, се тамоюли асосӣ ва муайянкунандаи нақзи ҳуқуқи инсон дар соли гузашта баррасӣ шудаанд. Аввалан, шиканҷа, қатлҳои бемаҳкама ва дигар намуди нақзи ҳуқуқи инсон ба дараҷаи изтиробовар афзоиш ёфтааст. Дувум, дар бисёре аз кишварҳо ҳукуматҳо маҳдудиятҳои нав ва азимеро ба созмонҳои ғайридавлатӣ таҳмил кардаанд. Савум, табъиз ва муҷозоти аъзои гурӯҳҳои осебпазир идома ва афзоиш пайдо кардааст.

Дар муқаддимаи ин гузориш гуфта мешавад, зиёда аз 30 ҷангу низоъҳои мусаллаҳона дар саросари ҷаҳон ба оташи нақзи ҳуқуқи башар рӯған мерезанд, аз ҷумла ончиро, ки Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида, шумораи бузурги хабарҳои шиканҷа, қатлҳои бемаҳкама ва дигар поймолшавиҳои ҳуқуқи инсон номидааст.

Дар гузориш ба таври махсус пайванди афзоиши нақзи ҳуқуқи инсон бо ҷангу низоъҳои мусаллаҳона, худсарии нерӯҳои амниятии давлатҳои авторитарӣ ва ё заъиф бозтоб ёфтааст. Дар ин замина вазъи Афғонистон ва Ироқ таъкид шудаанд, ки агар дар аввалӣ ҳукумат натавонистааст, амнияти шаҳрвандонро таъмин кунад, дар дувумӣ ҳукумат ва ниҳодҳои он дар робита ба ҷанги ҳафт сол пеш дар хушунатҳо даст доранд.

Як раванди умумии дигар дар гузориши нави Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида ба таври хос зикр ёфтааст, ки ин аз тарафи ҳукуматҳо торафт маҳдуд кардани иттилоърасонӣ ба мардум, ҷилавгирӣ аз ташаккулҳои сиёсӣ ва ҷамъиятӣ, истифодаи интернет, радио, телевизион ва матбуоти чопист.

Афғонистон

Ошӯби рӯзафзун дар Афғонистон имкониятҳои ҳукумати марказиро ба идораи тамоми кишвар шадидан латма задааст, гуфта мешавад дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон. Дар ин санад гуфта мешавад, нахустин интихоботи пурсабқати кишвар бо мудохила аз тарафи ошӯбгарон ва ҳамчунин иттиҳомоти хилофкориҳои густарда рӯбарӯ шуд. Ширкати мардум заъиф ва шароит барои раъйдиҳии занон бад буд. Ҳатто бе назардошти интихобот низ, гуфта мешавад дар санад, вазъи ҳуқуқи инсон дар Афғонистон рӯ ба таназзул дорад, бавижа дар риштаи адлия. Озодии матбуот ва дин низ танқид шуда, хушунат ва бадрафторӣ бо занон, ҷабри ҷинсӣ ба кӯдакон ва қочоқи инсон рӯ ба афзоши доранд.

Қазоқистон

Қазоқистон дар қабзаи президент Нурсултон Назарбоев ва порлумони якҳизбии он аст, ки аз аъзои ҳизби президент иборат мебошад. Гуфта мешавад дар гузориши солонаи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар бораи вазъи ҳуқуқи инсон. Аммо раванди интихобюотӣ дар ин кишвар рӯ ба беҳбуд дорад. Бо вуҷуди бархе аз пешрафтҳои дигари нисбӣ вазъи ҳуқуқи инсон дар ин кишвар низ аз тарафи Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида мавриди танқид қарор гирифтааст. Гуфта мешавад, дар Қазоқистон таъсис ва сабтиноми ҳизби сиёсӣ ё созмонҳои ғайридавлатӣ мушкил ва тақрибан номумкин мебошад.

Эрон

Собиқаи бади Эрон дар масъалаҳои ҳуқуқи инсон дар соли 2009 бадтар шуд. Гуфта мешавад дар гузориши нави Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар бобати вазъи ҳуқуқи инсон дар ҷаҳон. Он ба интихоботи 12-уми июн ангушт мегузорад, ки бо вуҷуди шубҳаи бисёре аз эрониҳо Маҳмуди Аҳмаднажод дубора раисиҷумҳур интихоб шуд. Дар гузориш гуфта мешавад, ҳукумат ҳуқуқи шаҳрвандонро ба норозигӣ аз натиҷаҳои интихобот шадидан маҳкум карда, бисёре аз норозиёнро дар додгоҳҳои ноодилона ҷазо додааст. Вазъи маҳбусон ва боздоштшудагон, саркӯб шуданип ҳомиёни ҳуқуқ, ақаллиятҳои миллӣ ва мазҳабӣ ва ҳаракати донишҷӯӣ аз нукоти дигари гузориш дар робита ба Эронанд.

Русия

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида вазъи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Русияро низ таҳти танқид қарор дода, мегӯяд, интихоботи президентии соли 2008-и Русия на озод буд ва на одилона. Он ҳамчунин ба мудохилаи рӯирост ва пинҳони ҳукумат ба интихоботҳои минтақаӣ ва маҳаллӣ ишора кардааст. Дар ҳоле ки мақомоти мулкӣ ба ҳарбиён дар Русия назорати комил доранд, чунин назорат дар Қафқози Шимолӣ дида намешавад ва дар ин ҷо ҳарбиён даст ба бадрафториҳо мезананд. Ин ҳам гуфта мешавад, ахбору иттилоъ дар Русия марвиди худсонсурӣ қарор мегирад.

Қирғизистон

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳида дар гузориши солонаи вазъи ҳуқуқи башар мегӯяд, интихоботи президентии Қирғизистон дар соли гузашта саршор аз "монеагузорӣ ба аҳзоби мухолиф, тарсдиҳӣ, хитлофкориҳо дар райъдиҳӣ ва истифодаи захираҳои давлат ба хотири манифатҳои муайяни сиёсӣ" буд.

Узбакистон

Узбакистон низ дар ин гузориш барои нақзи ҷиддии ҳуқуқи инсон, саркӯбии дигарандешӣ ва маҳдуд кардани озодиҳои сиёсиву шаҳрвандӣ мавриди танқид қарор гирифтааст. Он дар мавриди Туркманистон аз баъзе беҳбудҳои миёна хабар дода, ба идомаи маҳдудияти озодии сухан, матбуот, ҷамъомад ва ташкилот, ҳамчунин мантъи ҷавонон аз таҳсил дар хориҷа таъкид кардааст.
XS
SM
MD
LG