Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Истиқлол» ба Туркия сафар кард


Дастаи футболи «Истиқлол»-и Душанбе, барандаи Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2009, субҳи 11-уми март ба Туркия сафар кард.

Салоҳиддин Ғафуров, сармураббии тими «Истиқлол», ба радиои Озодӣ гуфт: «Ба ҳайати даста 20 футболбоз шомиланд, ки байни онҳо бозигарони имсол ба «Истиқлол» даъватшуда, ба мисли дарвозабон Абдулазиз Маҳкамов ва ҳамлагар Фарҳод Тоҳиров, ҳарду аз тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ҳимоятгар Умед Ҳабибуллоев, аз дастаи «Хуҷанд»-и Хуҷанд, ва нимҳимоятгар Анвар Норқулов, аз дастаи «Вахш»-и Қурғонтеппа, ҳастанд. Дар ҷараёни ин ҷамъомади таълимию тамринӣ, ҳамчунин, мо рӯзҳои 14-ум, 18-ум ва 21-уми март бо дастаҳои лигаи аввали Русия се бозии рафиқона анҷом хоҳем дод».

Ба гуфтаи Салоҳиддин Ғафуров ҷамъомади таълимию тамринии «Истиқлол», ки дар шаҳри Анталияи Туркия то рӯзи 24-уми март идома хоҳад кард, охирин давраи омодагии даста ба мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
XS
SM
MD
LG