Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду медали муштзанҳои ҷавони тоҷик дар Теҳрон


Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи бокс байни навҷавонон дар пойтахти Ҷумҳурии Исломии Эрон – шаҳри Теҳрон ду медали биринҷӣ ба даст оварданд.

Ширинҷон Мамадсафоев, муовини раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ба радиои Озодӣ гуфт, муштзани маъруфи тоҷик Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг ҷои севумро касб кард. Намояндаи дигари Тоҷикистон Нодир Муҳаммадиев низ дар рақобатҳо дар вазни то 81 кг дар ҷои севум қарор гирифт.

Ба гуфтаи Ширинҷон Мамадсафоев, муштзанҳои ҷавони тоҷик дар сабқати ҷаҳонӣ, ки моҳҳои апрел-май дар шаҳри Бокуи Озарбойҷон баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG