Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон


Бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Матлубхон Давлатов раиси Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Амиршоҳ Миралиевро иваз кард, ки дар интихоботи ахири порлумонӣ вакили Маҷлиси намояндагон интихоб шуд.

Матлубхон Давлатов аз соли 1994 раиси Кумитаи идораи амволи давлатӣ ва масъули хусусигардонии корхонаҳои давлатӣ ва баъдан як муддат раиси Кумитаи назорати молӣ буд ва 4 сол пеш мушовири давлатии раисиҷумҳур дар умури иқтисодӣ таъйин шуд.

Бо фармонҳои ахири президент ҳамин тавр, раиси ҳамакнун собиқи “Амонатбонк” Маҳмадамин Маҳмадаминов ба ивази Шукурҷон Зуҳуров, ки низ ба парлумон рафт, вазири шуғли аҳолӣ ва ҳифзи иҷтимоии ин кишвар ва муовини вазири шуғли аҳолӣ Суман Тағоева ба ҷойи вакили дигари порлумон Хайриннисо Юсуфӣ раиси кумитаи зан ва оила таъйин шуд.

Ҳамчунин бо фармонҳои дигари раисиҷумҳур ва ҳукумати кишвар нафарони зерин ба вазифаҳои нав таъин шуданд:

-Раҳмат Бобокалонов - вазири об ва захираҳои обии Тоҷикистон;
-Маҳмадтоир Зокиров - раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ;
-Ҷумъахон Давлатов - мушовири давлатии президенти оид ба сиёсати ҳуқуқӣ-намояндаи комилҳуқуқи президент дар Маҷлиси Олӣ;
-Бахтия Муҳаммадиева - директори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон;
-Гулнора Ҳасанова - раиси «Амонатбонк»;
-Ашур Амонулло - сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди ҳукумати Тоҷикистон;
-Эмин Сангинов - муовини якуми вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоӣ;
-Султон Раҳимов - муовини аввали вазири мелиоратсия ва захираҳои об;
-Мунавара Исмоилова - муовини якуми ваиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ;
-Нусратулло Нозанинов - муовини раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ;
-Шарофиддин Бобоназаров - муовини раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ;
-Ҷамолиддин Нуралиев - муовини якуми вазири молия;
- Раҷабалӣ Раҷабов- м уовини вазири молия;
-Лолахон Раҳмонов - директори Агентии таъминоти амволи махсуси назди ҳукумат;
-Маҳмадзоир Соҳибов - директори Агентии хариди давлатии мол, кор ва хизматрасонии назди ҳукумат;
-Низомидин Зоҳидов - ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
-Носир Салимов - ректори Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон;
-Сайдмурод Тағоев - муовини якуми директори Агентии омори назди президент;
-Асват Асоев - муовини директори Агентии омори назди президенти Тоҷикистон;
-Абдусаттор Раҷабов - мудири шўъбаи мудофиа ва тартиботи ҳуқуқии Дастгоҳи иҷроияи президент;
-Нуралӣ Риоев - мудири шўъбаи ташкилии Дастгоҳи иҷроияи президент;
-Гавҳар Шарофова - ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии назди президенти Тоҷикистон.
XS
SM
MD
LG