Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Паҳлавонони тоҷик дар Бишкек


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқаи қаҳрамонии Осиё оид ба гуштии камарбандӣ, ки 10-уми март дар шаҳри Бишкек шурӯъ шуд, ширкат доранд.

Дар ин сабқати қитъавӣ, ки дар Қасри варзиши ба номи Кожомқули пойтахти Қирғизистон баргузор шудааст, ҳудуди 80 нафар занону мардон аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ба мисли Афғонистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, Эрон ва Туркия аз рӯи панҷ дараҷаи вазнҳо қувваозмоӣ мекунанд.

Ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Мурод Тӯйчиев, Сӯҳроб Ёриев, Давлат Умаров, Ризомат Қурбонов ва Ҳусниддин Тошмуродов дохиланд.

Дар ин мусобиқа, инчунин, паҳлавонон барои ба даст овардани роҳхатҳо ба мусобиқоте, ки моҳи августи соли равон дар шаҳри Пекин баргузор хоҳад шуд, мубориза мебаранд.
XS
SM
MD
LG