Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози марҳилаи ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев


Дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми Рустам Долтабоев оид ба футбол, ки 9-уми март дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон оғоз ёфт, 8 даста ширкат доранд.

Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Ба гурӯҳи «А» дастаҳои «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ССКА «Помир»-и Душанбе, «Хайр»-и Ваҳдат ва «Ҳосилот»-и Фархор, ба гурӯҳи «Б» тимҳои «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Энергетик»-и Душанбе, «Равшан»-и Кӯлоб ва мунтахаби наврасони то 16-солаи Тоҷикистон шомиланд.

Дар ду бозии даври нахустин «Вахш» бар «Энергетик» бо ҳисоби 3:1 ва «Регар» ТадАЗ бар ССКА «Помир» бо ҳисоби 2:0 пирӯз шуданд.
XS
SM
MD
LG