Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони мусобиқаи дзюдои Душанбе


Мусобиқаи кушодаи шаҳри Душанбе оид ба дзюдо байни наврасон, ки бо ширкати 115 гуштигир баргузор шуд, ғолибонро аз рӯи 9 дараҷаи вазнҳо муайян кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ Муҳаммадрасули Искандар (дар вазни то 46 кг), Орзухони Қурбоналӣ (то 50 кг), Баҳодур Ҳалимов (то 55 кг), Ҳусниддини Маҳмадназар (то 60 кг), Сорбон Ёров (то 66 кг), Муҳаммад Мирзоев (то 73 кг), Аминҷон Ҷалолов (то81 кг), Карим Азизов (то 90 кг) ва Барот Наимов (+90 кг) дар ҷойҳои аввал қарор гирифтанд.

Ғолибони сабқати шаҳрӣ дар мусобиқаи ҷумҳуривӣ, ки ахири моҳи март дар шаҳри Кӯлоб баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG