Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонони нави шоҳмоти Душанбе


Мусобиқаи қаҳрамонии шоҳмоти Душанбе бо пирӯзии Неъмат Зиёев ва Асила Мӯҳтоҷзода ба анҷом расид.

Дар сабқати мардон 14 нафар, аз он ҷумла ду нафар занон, ширкат карданд. Шатранҷбози пуртаҷриба Неъмат Зиёев бо 10,5 имтиёз аз 13 бозӣ ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфт. Марворид Насриддинова бо 10 имтиёз дар ҷои дуввум ва Надежда Антонова бо 9 имтиёз дар ҷои севум қарор гирифтанд.

Дар сабқати занон, ки 10 нафар ширкат доштанд, Асила Мӯҳтоҷзода бо 9 имтиёз аз 9 бозӣ ғолиб шуд. Меҳрангез Раҳматзода ва Лидия Антонова бо 7-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои дувуму севумро касб карданд.

Довари ин мусобиқа Саодат Одинаева ба радиои Озодӣ гуфт, беҳтарин шатранҷбозони Душанбе дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ, ки моҳи апрел дар пойтахти кишвар баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG