Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Ҳуҷум”-и дубораи расонаҳои Русия


Қарори нави парлумони Тоҷикистон дар бораи забони ягонаи қонунгузории ин кишвар эътироф шудани тоҷикӣ вокуниши бисёре аз расонаҳои Русияро ба бор овардааст.

Тибқи ин қарор, ки аз сӯйи Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии порлумон ба тасвиб расид, аз ин ба баъд қонунҳои Тоҷикистон ба забони русӣ баргардон ва нашр нахоҳад шуд.

“Порлумони Тоҷикистон аз забони русӣ даст кашид”, “Забони русӣ дигар ба кор намеояд” ва “Қонунҳо дар Тоҷикистон ба забони тоҷикӣ навишта хоҳанд шуд” аз ҷумлаи сарлавҳаи чанд хабару мақолотест, ки дар расонаҳои русӣ то ин муддат навишта шудаанд.

Расонаҳои русӣ гуфтаанд, ки дар охирин иҷлоси худ намояндагони Маҷлиси Миллӣ ниёзеро барои тарҷума ва нашри қонунҳо аз тоҷикӣ ба русӣ надидаанд. Рӯзномаи “Комсомольская правда” низ аз қавли Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттиҳоди нависандагон ва узви Маҷлиси Миллӣ, навиштааст, ки “дигар барои ин эҳтиёҷе боқӣ намондааст”.

Қаблан қонунҳо ба забони тоҷикӣ ва русӣ навишта шуда, бо ин ду забон дар расонаҳои давлатӣ чоп ва хонда мешуданд. Бо ишора ба ин, расонаҳои русӣ гуфтаанд, Тоҷикистон - як кишвари пасошӯравӣ, ки дар гузашта ба забони русӣ эҳтироми зиёд қоил буд ва кулли коргузориҳояшро ба ин забон анҷом медод, акнун худро канор мегирад.

Аммо Рамазон Абдулатифов, собиқ сафири Русия дар Тоҷикистон, дар як сӯҳбаташ ба рӯзноманигорон гуфтааст, “Тоҷикистон намехоҳад ба забони русӣ беэҳтиромӣ зоҳир кунад”. Вай аз мақомоти Русия хостааст, ки ҳамкорӣ ва кӯмакҳои худ ба Тоҷикистонро тақвият диҳанд, то марказҳои фарҳангии русӣ дар ин кишвар фаъолияти густурдаи худро ба роҳ андозанд.

Сомонаи интернетии “Лента.ру” навиштааст, дар Тоҷикистоне, ки тақрибан ҳафтуним миллион аҳолӣ дорад, ҷамъияти русзабонҳо ҳудудан як дарсади онҳоро ташкил медиҳад. Ба навиштаи ин сомона, қаблан қонунгузории Тоҷикистон иҷоза медод, ки сокинон ба кадом забоне, ки хоҳанд ба масъулони ниҳодҳои давлатӣ нома менавиштанду ҳама асноди лозимро бо забони дилхоҳи худ дарёфт мекарданд. Аммо акнун нигаронии “Лента.ру” аз ин аст, ки дигар сокинони русзабони Тоҷикистон маҷбуранд, ки бо забони тоҷикӣ қонунҳо ва асноди коргузориро дарёфт кунанд.

Бахши русии Мавҷи Олмон низ ин мавзӯъро ба баҳс кашидааст. Аммо ин расона гуфтааст, қарори аъзои Маҷлиси Миллӣ то ҳанӯз аз тарафи раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон имзо нашудааст.

Порлумони Тоҷикистон дар соли гузашта як идда тағйиру ислоҳ ба қонуни забони тоҷикиро ворид кард, ки он низ вокунишҳои мухталфиро миёни ҷамъиятҳои русизабон ва расонаҳои Русия ба бор овард. Мақомҳои ҷудогонаи Русия аз ин иқдоми порлумони Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, онро иштибоҳ хонданд.

Вале мақомоти Тоҷикистон, минҷумла раисиҷумҳур низ дар дидораш бо раҳбарони Русия итминони хотир дод, ки забони русӣ дар Тоҷикистон ба унвони забони илм ва оинае барои равобит бо ҷаҳони берун барои ин кишвар боқӣ мемонад. Ҳамчунин, дар Қонуни асосии Тоҷикистон банде, ки дар он забони русӣ ба унвони забони муоширати байни миллатҳо зикр шудааст, боқӣ мондааст.
XS
SM
MD
LG