Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо мусофир дар панҷаи тармаҳои Майхура


Даҳҳо мошин бо садҳо мусофир, ки бо роҳи мошингард аз шимол ба Душанбе меомаданд, дар наздикиҳои деҳаи Майхураи гарданаи Анзоб дар банди тарма мондаанд.

Тибқи иттилоъи Вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон, шаби гузашта дар километри 65-уми роҳи мошингари Душанбе-Хуҷанд дар наздикиҳои деҳаи Майхура тарма фаромадааст. Ба қавли шоҳидони ҳол, баландии ин тарма, ки роҳро банд кардааст, тақрибан 10 метр ва дарозияш 30 метр будааст. Пас ронандагон ва мусофирони дар банд монда дар чи ҳоланд ва оё барои раҳоии онҳо иқдомоте анҷом мешавад?

Ҳангома Музафарова, як масъули бахши фаврии ин вазорат ба радиои Озодӣ гуфт, «дар километри 65 тарма фаромадааст. Ҳаҷми тарма калон аст. Лекин техникаҳо дар он ҷо машғули тоза кардани роҳ мебошад. Умедворем, ки роҳро кушоянд».

Дар ҳоле, ки масъулони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон дар ин бора изҳори беэътилоӣ карданд, Зафар Мирзобошиев, раиси ситоди ҳолатҳои фавқуллода дар ноҳияи Айнӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳудуди сад мошин, ки аз сӯи Хуҷанд ба Душанбе меомаданд, дар банди тарма мондаанд, «дар онҷо мошин сад ва аз он зиёд аст. Чунки мошинҳое, ки аз тарафи Хуҷанд ба самти Душанбе ҳаракат карданд, дар Майхура банд монданд».

Вале шуморе аз ронандагони ин мошинҳо ва мусофирон тавассути телефон бо Радиои Озодӣ дар тамос шуданд ва гуфтанд, тарма пеши роҳи тақрибан 200 мошин ва 800 мусофирро гирифтааст, «дирӯз аз пост мошинҳоро сар доданд, ки сад адад мошини КАМАЗ ва сад мошини сабукрав омада дар Майхура маҳкам шудем. Тарма фуромадаст, ки ба гуфти одамони пиёдагард дарозиаш 30 метр ва баландиаш 10 метр аст». «инҷо одам зиёд, ронандагон ва мусофирон аз 800 нафар зиёд аст».

Ҳарчанд Зафар Мирзобошиев, масъули ситоди ҳолатҳои фавқуллода чунин арқомеро дурӯғ ва ҳангомае беш медонад, вале мегӯяд, бештари ронандагон ва мусофирони дар банд монда онҳое ҳастанд, ки муддати зиёда аз 10 рӯзи ахир дар банди тарма дар гарданаи Шаҳристон буданд ва ҳамакнун боз дар Анзоб дармонданд. Аммо нигаронии афроди дар банди тарма монда аз он аст, ки барои раҳоии онҳо иқдоми ҷиддие сурат намегирад.

Марҳамат Ҳасанова, як мусофирзан дар сӯҳбати телефонӣ мегӯяд, «пул ҷамъ карда додем, лекин техникаҳо кор накарданд. Саҳар як трактор буд ва ҳозир як булдозер дигар рафт, ягон хату хабар нест. Инҷо мошин ях карда ва часпидаст. Мошинҳоро баровандар даркор. Ёрдам лозим аст».

Масъулони вазорати нақлиёт ва мухобироти Тоҷикистон ин иддаъоро рад мекунанд ва мегӯянд, дар маҳалли ҳодиса корҳои тоза кардани роҳ ва аз банд раҳо додани мошинҳо ва мусофирон ҷараён дорад. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Зафар Мирзобошиев, масъули ситоди ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Айнӣ, «техника ҳаст, кам ва пурқувват ҳам нест. Кор мекунанд. Техникаи асосӣ дар Шаҳристон истифода шуд. Чунки имсол барф зиёд борид. Ҳеҷ сол ин хел набуд».

Ин барои бори аввал нест, ки дар пайи фаромадани тарма ва дигар ҳодисаҳои табиӣ ронандагон ва мусофирон дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд дар банд монда ва ба мушкилот дучор мешаванд. Роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, ки аз тариқи гарданаҳои муш килгузари Анзоб ва Шаҳристон убур мекунад, танҳо роҳи заминӣ аст, ки манотиқи марказии Тоҷикистонро бо шимоли он мепайвандад. Гузоришҳо низ ҳокист, ки дар муддати чанд соли ахир дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба иллати резиши барфи зиёд ва фаромадани тарма дар ин роҳ даҳҳо нафар кушта ва ҷароҳат бардоштаанд. Аммо бо вуҷуди боридани барфи зиёд дар зимистони имсол дар гарданаҳои Анзоб ва Шаҳристон, Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон мегӯяд, талафоте бар асари фаромадани тарма дар ин минтақа ба мушоҳида нарасидааст. Танҳо тибқи итилоъи ин кумита аз аввали соли ҷорӣ то кунун панҷ нафар бар асари фаромадани тарма фавтидаанд, ки он ҳам дар роҳи мошингарди Душанбе – Хоруғ ба вуқӯъ пайвастааст.
XS
SM
MD
LG