Ба ҳамин тариқ, Басбӣ Холова муовини раиси Додгоҳи олӣ гардид. Абдуҷаббор Сатторов, ки қаблан раиси Додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе буд, муовини раиси Додгоҳи Олӣ ва ҳамзамон раиси коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии кишвар шуд.
Абдулҳамид Нуралиев ва Мирзошариф Шарифов аз курсии муовинати додситони кулли кишвар канор рафтанд ва Юсуф Аҳмадов низ бо курсии раисии Додситони ҳарбии ҷумҳурӣ падруд гуфт.
Шерхон Салимов, ки як моҳи пеш додситони кулли кишвар таъин шуда буд, ҳамакнун муовинҳои нав дорад – Абдуқодир Муҳаммадиев, Рашид Гулматшоев ва Хайрулло Саидов, ки ҳамагӣ қаблан дар ҳамин низоми додситонӣ ифоиа вазифа мекарданд.
Ин охирин ҷаласаи Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон буд. Ҳайати нави Маҷлиси миллӣ дар интихоботи рӯзи 25-уми март маълум хоҳад шуд. Мувофиқи қонун 8 узви Маҷлиси миллиро аз шумори умумии 33 нафар раисҷумҳур таъин мекунад. Ва 25 нафари дигарро панҷ нафарӣ аз Душанбе, Хатлон, Суғд, Бадахшон ва навоҳии тобеъи марказ маҷлисҳои муштараки вакилони ин шаҳру навоҳӣ рӯзи 25 март интихоб мешаванд.