Қаюмҷон Норов, муовини мудири мактаби махсуси бокси шаҳри Душанбе, ба радиои Озодӣ гуфт, ки ба ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти раҳбарии мураббии варзида Абдурашид Маҳмадҷонов 6 нафар муштзанҳои ҷавону моҳири ин мактаб шомиланд. Юсуфи Сафовуддин дар вазни то 48 кг, Абдурашид Нӯъмонов дар вазни то 57 кг, Фаррух Каримов дар вазни то 64 кг, Мирзомуҳаммади Бахтиёр дар вазни то 69 кг, Сайидо Самадов дар вазни то 75 кг ва Меҳроҷиддин Каримов дар вазни беш аз 91 кг қувваозмоӣ мекунанд.
Ба гуфтаи Қаюмҷон Норов варзишгарони ҷавони тоҷик дар сабқати қитъавӣ, ки то рӯзи 13-уми март идома хоҳад кард, барои гирифтани роҳхатҳо ба нахустин Бозиҳои олимпии наврасон дар Сингапур талош хоҳанд кард.