Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори муовини нахуствазири Русия аз Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо Игор Шувалов, муовини аввали нахуставазири Русия дидору мулоқот кардааст.

Ба иттилоъи дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон дар ҷараёни мулоқот, вазъи кунунии ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар арсаҳои гуногун ва дурнамои ин ҳамкориҳо мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифтааст.

Муовини нахуствазири Русия гуфтааст, кишвараш метавонад дар машвараҳо ҷиҳати сохтмони иншооти энержии Тоҷикистон мушорикат кунад. Ҷаноби Шувалов гуфтааст, мо бо таваҷҷӯ ба ниёзи Тоҷикистон ба васоили энежрӣ ба масъала нигоҳ мекунем. Муовини нахуствазири Русия роҷеъ ба сохтмони ниругоҳҳои азими барқи обӣ дар минтақа гуфтааст, ки “мо шаклгирии як вазъияти мушкил дар минтақаро эҳсос мекунем. Зеро ба наҳваи истифода аз захираҳои обӣ бархурдҳои мухталиф вуҷуд доранд”.

Ба гуфтаи ҷаноби Шувалов, Русия дар маҷмӯъ мехоҳад дар рушди кишварҳои минтақаи Осиёи марказӣ саҳм бигирад, аммо бо назардошти як сиёсати мутавозин дар робита ба манофеъи ҳамаи давлатҳои ин минтақа. Муовини нахуствазири Русия гуфтааст, ки Русия наметавонад дар ин замина иқдоме анҷом диҳад, ки тавозуни мавҷудро ба ҳам бизанад.
XS
SM
MD
LG