Пайвандҳои дастрасӣ

«Олтин Асир» - барандаи Ҷоми раисҷумҳури Туркманистон


Дастаи «Олтин Асир»-и Ишқобод барандаи Ҷоми раисҷумҳури Туркманистон гардид.

«Олтин Асир» дар бозии ниҳоӣ, ки 28-уми феврал дар варзишгоҳи «Олимпӣ»-и Ишқобод баргузор шуд, бар тими «Небитчӣ»-и Балканободи Туркманистон бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голро дар дақиқаи 40-ум Ориф Мирзоев ба самар расонд.

Дастаи «Олтин Асир», ки барои бори аввал дар ин мусобиқа ширкат кард, бо Ҷоми раисҷумҳури Туркманистон ва 20 ҳазор доллар мукофотонида шуд. Дастаи «Небитчӣ», ки ҷои дуввумро касб кард, бо 10 ҳазор доллар сарфароз гардид.

Ба дастаи мунтахаби бошгоҳҳои футболи Туркия, ки барои ҷои севум тими «Оқҷепес»-и Қазоқистонро бо ҳисоби 3:0 шикаст дод, 5 ҳазор доллар супурда шуд.

Вале дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар ду бозӣ аз тими «Олтин асир»-и Ишқобод ва мунтахаби бошгоҳҳои Туркия бо ҳисоби якхелаи 0:2 шикаст хӯрда, бар тими «Ганҷасар»-и Арманистон бо ҳисоби 2:1 ғалаба карда буд, бо се имтиёз дар гурӯҳи «А» ҷои севумро гирифт ва аз идомаи мубориза барои Ҷоми раисиҷумҳури Туркманистон маҳрум гашт.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG