Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷойи саввуми Тоҷикистон дар Ҷоми даъват


Як голи Нӯъмон Ҳакимов дар бозӣ барои ҷойи саввуми Ҷоми даъвати АФК ба мунтахаби Тоҷикистон медалҳои биринҷиро овард.

Тоҷикистон дар бозии биринҷии Ҷоми даъвати Осиё бар мунтахаби Мянмар бо ҳисоби 1:0 ғолиб омад. Мунтахаби Тоҷикистон дар ин сабқат дар даври гурӯҳӣ аллакай бар Мянмар бо ҳисоби 3:0 ғолиб омада буд.

Ин навбат тақдири медалҳои биринҷии ин сабқатро голи Нӯъмон Ҳакимов дар дақиқаи 11-ум ҳал кард.

Тоҷикистон ҳамроҳ бо медалҳои биринҷӣ ҳамчунин ҳаққи иштирок дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми чолиш-2012 бидуни бозиҳои интихобиро пайдо кард.

Сарнавишти медалҳои тиллои ин сабқат ва роҳхати ягона ба Ҷоми Осиё-2011 дар Қатар дар бозии Туркманистон-Кореяи Шимолӣ ҳал мегардад.

Ин саввумин ширкати Тоҷикистон дар бозиҳои Ҷоми даъвати Осиё буд. Дар сабқати аввал мунтахаби ин кишвар ҷойи аввалро гирифта буд, дар сабқати дуввум ҷойи дуввумро ва инак дар сабқати саввум ҷойи саввумро.
XS
SM
MD
LG