Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ду голи Туркманистон ба дарвозаи Тоҷикистон


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар даври ниманиҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё дар Шри-Ланка аз мунтахаби Туркманистон бо ҳисоби 0-2 шикаст хӯрд.

Ин бозӣ 24-уми феврал дар варзишгоҳи «Сугатадаш»-и шаҳри Коломбо сурат гирифт. Ҳарду голро футболбозони туркман дар нимаи аввали бозӣ ба самар расонданд.

Мунтахаби Туркманистон дар бозии ниҳоӣ, ки 27-уми феврал баргузор мешавад, бо дастаи ғолиби бозии дуввуми ниманиҳоӣ - ё Куриёи Шимолӣ ё Мянмар - қувваозмоӣ хоҳад кард. Бар асоси низомномаи мусобиқа барандаи Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад.

Мунтахаби Тоҷикистон бошад, 27-уми феврал бо дастаи дар бозии дуввуми даври ниманиҳоӣ мағлубшуда - ё Куриёи Шимолӣ ё Мянмар - барои ҷои сеюм талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG