Пайвандҳои дастрасӣ

Талоши севвуми Андрей Дригин дар Ванкувер


Андрей Дригин, намояндаи Тоҷикистон дар Бозиҳои олимпии Ванкувер

Андрей Дригин, ягона намояндаи Тоҷикистон дар сабқати лижаронии Бозиҳои зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада, миёни 89 варзишгар ҷои 57-умро гирифт.

Аз 89 нафар ширкаткунандагони ин сабқат 8 нафар ба марра нарасиданд.

Дар ин навъи сабқат медали тиллои Олимпиадаро Янко Карло, лижарони швейтсарӣ, бо натиҷаи 2:37,83 соҳиб шуд. Медали нуқра насиби Янсруд Хетил (Норвегия, 2:38,22) гардид. Медали биринҷиро ҳамватани ӯ Свиндал Аксел Лунд (2:38,44) ба даст овард.

Лижарони 32-сола Андрей Дригин, ки барои бори саввум дар Олимпиадаҳои зимистона Тоҷикистонро намояндагӣ мекунад, 27-уми феврал дар навъи охирини рақобатҳо оид ба лижаронии кӯҳӣ - слалом ширкат меварзад.

Назари хонандагон

New Comments Available

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG