Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигарониҳо аз таъқиби рӯзноманигори мустақили тоҷик


Маҳдии Собир, рӯзноманигори мустақили тоҷик
Маҳдии Собир, рӯзноманигори мустақили тоҷик

Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон ва Иттиҳоди журналистон бо пахши як изҳорот аз Додситонии кулл хостаанд, ки ба масъалаи таъқиби рӯзноманигори мустақил Маҳдии Собир расидагӣ кунад.

Раиси Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон Нуриддин Қаршибоев, гуфт, «манзур аз пахши ин нома санҷидани асли масъала дар мавриди таъқиби рӯзноманигори мустақил Маҳдии Собир аст. Додситонӣ бояд ин масъаларо ҳаматарафа мавриди таҳқиқ қарор диҳад, то ин ки ҳуқуқи журналист нақз нашавад».

Рӯзноманигори мустақил Маҳдии Собир иддао дорад, ки кормандони кумитаи амнияти миллӣ ӯро таъқиб мекунанд. Вақте ки ӯ дар мавзуи вазъи артиши миллии Тоҷикистон дар соли гузашта ба радиои Озодӣ мусоҳиба дода, аз артишҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба унвони «қушуни коргару деҳқон» ном бурдааст, шадидан мавриди таъқиби мақомоти интизомӣ Тоҷикистон қарор гирифтааст.

Вай мегӯяд, «сабти нафаре, ки маро таъқиб мекунад, дар дастам ҳаст. Ин одам назди ман омад ва гуфт, ки «шумо дар радиои Озодӣ гап задед». Ман ба вай гуфтам, рӯзноманигор ҳастам ва ҳақ дорам, ки изҳори назар кунам».

Маҳдии Собир дар моҳи ноябри соли гузашта дар хусуси таъқибаш аз ҷониби кормандони кумитаи амнияти миллӣ, ки акси онҳоро дар даст дорад, ба раёсати ин кумита бо навиштани як нома муро ҷиат кардааст. Ба қавли Маҳдии Собир, дар моҳи январи соли равон ӯро яке аз муовинони раиси кумитаи ммнияти милли Тоҷикистон ба ҳузур пазируфтааст.

Вай мегӯяд, «ман ба хотири ифшо накардани муовини раиси кумита номи ӯро ба забон намеорам. Вай маро қабул намуд ва изҳори тааҷҷуб кард, ки имкон надорад дар наисбати шумо чунин рафтор аз тарафи кормандони амниятӣ сурат гирифта бошад. Вале вақте ман акси корманди амниятиро, ки маро таъқиб мекунад, нишон додам, муовини вазир тасдиқ намуд, ки дар ҳақиқат ин нафар корманди кумита аст. Муовини вазир гуфт, ки набояд онҳо ба шумо чунин рафтор кунанд».

Барои рушанӣ андохтан ба ин масъала бо маркази робитаҳои ҷамъиятии кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон тамос гирифтем. Аммо дар сӯҳбати телефонӣ як корманди ин марказ дар хусуси номаи рӯзноманигор Маҳдӣ Собиров изҳори беиттилоӣ кард.

Маҳдии Собир то соли 1993 ба ҳайси жураналист дар Кумитаи давлатии радиои Тоҷикистон фаъолият мекард. Соли 1993 ҳамчун афсар дар сафи артиши Тоҷикистон ба хизмат пардохт ва дар соли 2004 бознишаста шуд ва ҳамчун таҳлилгари соҳаи низомӣ ба матбуот назар медод.
XS
SM
MD
LG