Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олимпиадаи Ванкувер: натиҷагирии даҳ рӯзи бозиҳо


Бозиҳои XXI зимистонаи олимпӣ дар Ванкувери Канада ҷараён доранд. Баъди натиҷагирии даҳ рӯзи мусобиқот аз рӯи барномаи ин Бозиҳо намояндагони 26 кишвар медалҳои олимпӣ ба даст овардаанд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бо касби 24 медал - 7 нишони тилло, 7 нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҳисоби умумидастаӣ дар ҷойи аввал мебошад. Олмон бо касби 18 медал – 6 тилло, 7 нуқра ва 5 биринҷӣ дар ҷои дуввум аст. Норвегия, ки 5 медали тилло, 3 нишони нуқра ва 4 биринҷӣ гирифтааст, дар ҷои саввум қарор дорад.

Дар маҷмӯъ, то ҳоло варзишгарони 16 кишвари олам ба унвони қаҳрамони Олимпиадаи Ванкувер даст ёфтаанд. Ба ғайр аз 3 дастаи пешсаф, ҳамчунин, намояндагони Швейтсария, Канада, Кореяи Ҷанубӣ, Шветсия, Чин, Нидерланд, Русия, Австрия, Фаронса, Словакия, Австралия, Ҷумҳурии Чех ва Бритониёи Кабир бо медалҳои тилло сарфароз шудаанд.
XS
SM
MD
LG