Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукми Фарзонаи Хуршед эълон мешавад


Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе дирӯз сухани охирини овозхон Фарзонаи Хуршедро шунид ва гуфт, ҳукми ӯро рӯзи сешанбе эълон хоҳад кард.

Фарзона дар сухани охирини худ гуфт, "ман аз додгоҳ мехоҳам, ки дар баробари ман на ҳамчун Фарзонаи Хуршед - сарояндаи шинохта, балки ҳамчун як шаҳрванди оддӣ ҳукм барорад". Қаблан Фарзона иттиҳомоти алайҳи ӯ эълоншударо рад карда буд.

Фарзона бо кумак ба фирори айбдоршаванда аз толори додгоҳ муттаҳам дониста мешавад. Додситони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, ки ин парвандаро баррасӣ мекунад, хостори 2,5 соли зиндон барои Фарзонаи Хуршед шудааст.

Додгоҳ мегӯяд, ду ҳафта пеш Фарзона номзадаш Фаррух Рӯзиевро, ки ба гуноҳи қаллобӣ айбдор мешавад, аз толори додгоҳ берун овардааст ва ҳар ду ба сӯи Варзоб роҳ пеш гирифтаанд. Дар посгоҳи Чаҳорбоғи Варзоб онҳо дастгир шудаанд. Фарзона дар ин қазия баъд аз як боздошти кӯтоҳ раҳо шуд, вале баъдтар додгоҳ ӯро барои муҳокима даъват кардааст.

Вакили дифои ӯ Лутфия Сафаралиева ва модараш Сурайё Қоисмова бар ин назаранд, ки Фарзона дар ин қазия бегуноҳ аст. Хонум Сафаралиева мегӯяд, ширкати Фарзона дар ин воқеа тасодуфӣ ва ноогоҳона будааст.

Фарзона, модараш Сурайё Қосимова ва хоҳари бузургаш Шабнами Сурайё аз овозхонҳои серхаридортарини ҷумҳурӣ ба шумор мераванд.

Овозхони шинохта Фарзона ҳамроҳ бо Шабнам ҳанӯз дар авоили соли 2000-ум вориди саҳнаи эстрадии Тоҷикистон шудааст. Вай бо оҳангҳои «Модар», "Ҷӯраҷон, хона биё" ва «Эй, ошиқони бедил» маъруф гаштааст.
XS
SM
MD
LG