Дар баёнияи расмии додситонӣ, ки рӯзи шанбе аз тариқи расонаҳои давлатӣ нашр шуд, омадааст, "аз ҳамаи номзадҳо ба вакили Маҷлиси Намояндагон, маҷлисҳои маҳаллӣ, ҳизбҳои сиёсӣ, шахсони боэътимоди онҳо, мақомоти давлатӣ, матбуот, ки ба маъракаи интихобот сарукор доранд, эҳтиромона хоҳиш ва талаб менамоем, ки зимни паҳн намудани маълумотҳо ва изҳоротҳо ҳолатҳои дақиқ ва саҳеҳро манзур намоянд".
Дар ин баёния ҳушдор дода шудааст, ки паҳн намудани маълумоти бардурӯг тибқи қонун ҷавобгарӣ дорад.
Додситонӣ аз ҷумла мегӯяд, ҲНИТ агарчӣ доир ба қонуншиканиҳо дар интихобот баёнияҳои расмӣ пахш кардааст, аммо санадҳои мушаххасе дар иртибот ба шикоятҳо пешниҳод накардааст.