Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аввалин бохти Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AFC-2010


Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар нахустин бозиаш дар Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё (AFC)-2010 дар пойтахти Шри-Ланка - шаҳри Коломбо 16-уми феврал аз тими Бангладеш бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд.

Ин бозии сабқати гурӯҳи «А» дар варзишгоҳи «Сугатадаса» баргузор шуд. Ҳисобро дар дақиқаи 67-ум бозигари Бангладеш Муҳаммад Ҳақ боз кард. Баъди се дақиқа Юсуф Рабиев ҳисобро баробар намуд. Дар дақиқаи 74-ум бозигари бангладешӣ Раҳмон Мешу голи ҳалкунандаро ба самар расонд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 79-ум Фаррух Чориев, узви дастаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби сардовари бозӣ корти сурх гирифт, аз майдон хориҷ шуд.

Ҳайати мунтахаби Тоҷикистон чунин буд: Алишер Тӯйчиев, Фаррух Чориев, Даврон Эргашев, Наим Носиров, Соҳиб Сувонқулов, Хуршед Маҳмудов, Иброҳим Рабимов, Давронҷон Тухтасунов, Фатҳулло Фатҳуллоев (Асадулло Нуруллоев 88), Дилшод Восиев (Ҷомӣ Муҳиддинов 61), Юсуф Рабиев,

Бояд тазаккур дод, ки ин бозии ҳафтуми дастаҳои мунтахаби Тоҷикистону Бангладеш ба шумор мерафт. Футболбозони тоҷик барои бори аввал аз бангладешиҳо шикаст хӯрданд. Дар чаҳор бозии сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон Тоҷикистон пирӯз шуда, як бозӣ бо натиҷаи мусовии 1:1 хотима ёфта буд. Мунтахаби Тоҷикистон соли 2006 дар даври чаҳорякниҳоии Ҷоми даъвати AFC бар тими Бангладеш бо ҳисоби бузурги 6:1 ғалаба карда буд.

Мунтахаби Тоҷикистон дар бозии дуввуми худ 18-уми феврал бо дастаи Шри-Ланка қувваозмоӣ мекунад.

Ба гурӯҳи «В» тимҳои мунтахаби Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ, Қирғизистон ва Туркманистон шомиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад. Вале дар мавриди пирӯзии Ҳиндустон, дастае, ки ҷои дуввумро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи Осиё хоҳад шуд.

ТАҚВИМИ БОЗИҲО

Даври 1-ум
16-уми феврал (сешанбе)
1. ТОҶИКИСТОН – Бангладеш – 1-2
2. Мянмар - Шри-Ланка, «Сугатадаса», 18:30
17-уми феврал (чоршанбе)
3. Ҳиндустон - Қирғизистон, «Сугатадаса», 15:30
4. Кореяи Шимолӣ - Туркманистон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 2-юм
18-уми феврал (панҷшанбе)
5. Бангладеш - Мянмар, «Сугатадаса», 18:30
6. Шри-Ланка - ТОҶИКИСТОН, «Сугатадаса», 15:30
19-уми феврал (ҷумъа)
7. Қирғизистон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 15:30
8. Туркманистон - Ҳиндустон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 3-юм
20-уми феврал (шанбе)
9. ТОҶИКИСТОН - Мянмар, варзишгоҳи CR & FC, 14:30
10. Шри-Ланка - Бангладеш, «Сугатадаса», 14:30
21-уми феврал (якшанбе)
11. Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 14:30
12. Туркманистон - Қирғизистон, CR & FC, 14:30

Бозиҳои ниманиҳоӣ
24-уми феврал (чоршанбе)
13. Ҷои 1 А – ҷои 2 В, «Сугатадаса», 15:00
14. Ҷои 1 В – ҷои 2 А «Сугатадаса», 18:30

27-уми феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 3-юм
15. Мағлубшудаи бозии 13 – Мағлубшудаи бозии 14, «Сугатадаса», 15:00

Бозии ниҳоӣ
16. Ғолиби бозии 13 – Ғолиби бозии 14, «Сугатадаса», 18:30

Эзоҳ: замони баргузории бозиҳо бо вақти Душанбе.
XS
SM
MD
LG