Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон дар Ҷоми даъвати AFC-2010


Дастаи мунтахаби миллии футболи Тоҷикистон дар марҳилаи ниҳоии Ҷоми даъвати Конфедеросиюни футболи Осиё, ки аз 16-ум то 27-уми феврал дар пойтахти Шри-Ланка - шаҳри Коломбо баргузор мешавад, ширкат хоҳад кард.

Мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» бо дастаҳои миллии Бангладеш, Мянмар ва Шри-Ланка қувваозмоӣ мекунад.

Ба гурӯҳи «В» тимҳои мунтахаби Ҳиндустон, Кореяи Шимолӣ, Қирғизистон ва Туркманистон шомиланд.

Бар асоси низомномаи мусобиқот аз ҳар гурӯҳ ду даста ба даври ниманиҳоӣ роҳ меёбанд.

Барандаи Ҷоми даъвати AFC ба марҳилаи ниҳоии Ҷоми Осиё-2011 роҳхат мегирад. Вале дар мавриди пирӯзии Ҳиндустон, дастае, ки ҷои дуввумро касб мекунад, соҳиби роҳхат ба мусобиқоти навбатии қаҳрамонии футболи Осиё хоҳад шуд.

ТАҚВИМИ БОЗИҲО

Даври 1-ум
16-уми феврал (сешанбе)

1. ТОҶИКИСТОН - Бангладеш, варзишгоҳи «Сугатадаса», 15:30
2. Мянмар - Шри-Ланка, «Сугатадаса», 18:30
17-уми феврал (чоршанбе)
3. Ҳиндустон - Қирғизистон, «Сугатадаса», 15:30
4. Кореяи Шимолӣ - Туркманистон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 2-юм
18-уми феврал (панҷшанбе)

5. Бангладеш - Мянмар, «Сугатадаса», 18:30
6. Шри-Ланка - ТОҶИКИСТОН, «Сугатадаса», 15:30
19-уми феврал (ҷумъа)
7. Қириғизистон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 15:30
8. Туркманистон - Ҳиндустон, «Сугатадаса», 18:30

Даври 3-юм
20-уми феврал (шанбе)

9. ТОҶИКИСТОН - Мянмар, варзишгоҳи CR & FC, 14:30
10. Шри-Ланка - Бангладеш, «Сугатадаса», 14:30
21-уми феврал (якшанбе)
11. Ҳиндустон – Кореяи Шимолӣ, «Сугатадаса», 14:30
12. Туркманистон - Қирғизистон, CR & FC, 14:30

Бозиҳои ниманиҳоӣ
24-уми феврал (чоршанбе)

13. Ҷои 1 А – ҷои 2 В, «Сугатадаса», 15:00
14. Ҷои 1 В – ҷои 2 А «Сугатадаса», 18:30

27-уми феврал (шанбе)
Бозӣ барои ҷои 3-юм

15. Мағлубшудаи бозии 13 – Мағлубшудаи бозии 14, «Сугатадаса», 15:00

Бозии ниҳоӣ
16. Ғолиби бозии 13 – Ғолиби бозии 14, «Сугатадаса», 18:30
XS
SM
MD
LG