Тайи як сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ Шоистаи Равшан гуфт, ҳафт сол муқаддам ба Бишкек омадааст: «Ман дар ин ин муддат саъй намудаам, ки зебоӣ ва накҳати забони тоҷикиро ба шогирдони худ ташреҳ кунам. Хушбахтона, як гурӯҳ донишҷӯён ба забони тоҷикӣ ва омӯхтани он рағбати зиёд доранд. Ҳатто дар миёни онҳо хоҳишмандони ташкили дарси забони тоҷикӣ низ ҳастанд, ки ифтихори маро ба ҳайси соҳиби ин забон меафзояд. Аммо, дар ҳамин ҳол, дар ҷараёни дарс ба ин масъала баъзан таваҷҷӯҳи шогирдонамро ҷалб мекунам ва порчаҳои ашъори адибони маъруфи тоҷикро барояшон мехонам».
Ба гуфтаи ҳамсӯҳбати мо, вай яке аз наберагони олими маъруфи тоҷик Абдулғанӣ Мирзоев мебошад ва баъди хатми мактаби миёна таҳсилро дар Душанбе давом додааст. Вай гуфт, дар деҳаи Варганзаи ноҳияи Китоб, воқеъ дар вилояти Қашқадарёи Ӯзбакистон ба дунё омадааст: «Ман корҳои бобоямро идома медиҳам ва забони тоҷикиро дар Қирғизистон тарғиб мекунам. Соҳиби се духтар ҳастам ва ҳар сеяшон дар донишгоҳҳои Қирғизистон таҳсил мекунанд. Сӯҳбати мо дар хона фақат ба забони тоҷикӣ сурат мегирад, зеро ман бо дарки он маънӣ, ки дар баъзе оилаҳои тоҷики Бишкек фарзандонашон забони падару модарро намедонанд, гуфтугӯ ба забони модариро дар оилаи худам ҷорӣ кардам»
Шоистаи Равшан дар яке аз маҳфилҳои шеъру ҳунари тоҷик, ки созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ дар ҳамдастӣ бо сафорати ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бишкек ва бо ширкати овозхони тоҷик Амриддини Кабир ва шоир Сиёвуш ва баргузор карда буд, иброз дошт, ки фақат таъсиси ин гуна маҳфилҳо ва шабҳои шеъри форсӣ фарҳанги халқҳои дӯсту бародар-тоҷикҳо ва қирғизҳоро ба ҳам наздик хоҳад кард. Ба гуфтаи Шоистаи Равшан, дар фаъолияти ӯ ташкили шабҳои шеъри ноби форсӣ ба ҳукми анъана даромадааст: «Борҳо ман шаби шеъри форсиро баргузор намудам ва ин бор тасмим гирифтаам, ки шаби рубоиёти Хайёми Нишопуриро роҳандозӣ кунам. Шарт барои ширкаткунандагони он, ки қаблан эълон шудааст, ҳамин аст, ки аз ашъори Хайём ба забони тоҷикӣ рубоиҳо ҳифз кунанд ва дар шаби шеър онро бихонанд. Фикр мекунам, ки таъсири он дар мавриди тарғиби забони мо хеле бештар аст».
Аз фурсат истифода бурда, яке аз шогирдони Шоистаи Равшанро, ки худро Мерим муаррифӣ кард, ба сӯҳбат кашидам. Вай гуфт, рубоиёти Хайём мавриди таваҷҷӯҳаш қарор гирифтааст ва саъй дорад, ки чанд рубоии ӯро ба форсӣ ҳифз намояд. Баъд ӯ яке аз рубоиҳои Хайёмро бо форсӣ қироат кард.
Шоистаи Равшан дар тарғиби ашъори адибони тоҷик дар Қирғизистон ва таълифи китобҳо дар бораи чеҳраҳои маъруфи тоҷики муқими Бишкек низ хеле фаъол аст. Қабл аз маъракаи таҷлили 1150-солагии устод Рӯдакӣ вай таҳти унвони «Одамушшуаро» намунаҳои ашъори Рӯдакиро ба се забон: тоҷикӣ, қирғизӣ ва русӣ ба табъ расонд. Ҳамчунин, роҷеъ ба ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Амриддини Кабир, ки муқими Бишкек аст, як ҷо бо Саидаҳмади Задрон китоберо ба номи «Оғозе, ки анҷом надорад» дар Бишкек таълиф намуд ва нашр кард. Ғайр аз ин, таҳти унвони «Ормони қалб» ва «Бозгашт ба ишқ» ду китоби андешаҳои Шоистаи Равшан аз дасти чоп баромад.
Тамара Айтматова, мудири шӯъбаи аспирантура ва докторантураи донишгоҳи байналмилалии Қирғизистон, перомуни Шоистаи Равшан мегӯяд, дар китобҳои Шоистаи Равшан гуфтугӯи ду халқ ва ду фарҳанг тараннум ёфтаанд. Вай афзуд, арзишҳои инсонии қирғизҳо ва тоҷикон бо ҳам тавъаманд ва хонуми Равшан инъикоси ин мавзӯъро бо овардани намунаҳо аз ашъори Рӯдакиву Фирдавсӣ, Синову Хайём, Саъдиву Берунӣ ва амсоли онҳо тараннум кардааст.
Шоистаи Равшан дар поёни сӯҳбати мо изҳор кард, ки китоби дигареро таҳти унвони «Мӯҳраҳои андеша» ба итмом расондааст. Вай афзуд, мӯҳтавои онро низ дарки маънии таҳаввулоти фарҳангии замон ва боварӣ ба инсон ташкил мекунад.