Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раддияҳои ҷудогонаи Тӯраҷонзода ва ҲНИТ


Узви Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва як тан аз рӯҳониёни саршиноси кишвар Акбар Тӯраҷонзода хабари сомонаи интернетии Сентразия.ру-ро, ки гӯё байни ӯ ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ихтилоф афтодааст, рад кард.

Рӯзи 8 феврал дар ин сомона матлабе нашр шуд, ки бино бар он дар мулоқоти ғайрирасмии сарони пешини Иттиҳоди мухолифони тоҷик, бародарон тӯраҷонзодаҳо раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабириро дар садоқат ба ҳукуматдорон айбдор кардаанд.

Ҷаноби Тӯраҷонзода дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин хабарро беасос номид ва гуфт: "Аслан чунин сӯҳбате нашудааст. Ин як тӯҳмати навбатист. Ман бародар Муҳиддин Кабириро бисёр ҳурмат ва дастгирӣ мекунам, Ҳизби наҳзати исломиро низ дастгирӣ мекунам. Шояд бо нашри ин иғво мехоҳанд, ба дӯстону мухлисони мо, ки имрӯзҳо бисёрии онҳо дар сафи муҳоҷирон аст, бирасонанд, ки робитаи ман ва бародарони ман бо наҳзатиён хуб нест ва набояд дар интихобот аз онҳо пуштибонӣ кард. Ё касе мехоҳад, ба ин роҳ ба ҳукумат расонад, ки тӯраҷонзодаҳо аз Ҳизби наҳзат, ки мухолифи шумост, дида мухолифтаранд? Ҳол он ки мо на ба ҳукумат мухолиф ҳастем ва на ба Ҳизби наҳзат. Вале дар интихобот шахсан ман аз Ҳизби наҳзат тарафдорӣ мекунам. Инро ошкоро гуфтаам ва мегӯям. Аммо ин маъно надорад, ки ман бо ҳукумат мухолиф ҳастам."

Дар ҳамин мавзӯъ, намояндаи аршади Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода низ гуфт, паҳн шудани хабару мақолаҳои таҳрикомез дар расонаҳои ватанӣ ва хориҷӣ дар робита ба ҲНИТ бо интихоботи парлумонии 28-уми феврал бастагӣ доранд. Ҳадаф аз онҳо, ба ақидаи ҷаноби Сайфуллоҳзода коҳиш додани эътибори ҳизб ва номзадҳои он дар интихобот аст.

Вай гуфт: "Он чизе, ки нашр шудааст, комилан хилофи фарҳанги ҷаноби Тӯраҷонзода аст, дар фарҳанги эшон чунин чизе вуҷуд дошта наметавонад ва муносибати онҳо бо раҳбарияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳам ҳасана аст ва ҳеҷ чизи ғайримусбие дар ин миён нест."

Ахиран чандин матлаби ҷанҷолбарангез бар зидди раиси ҲНИТ Муҳиддини Кабирӣ ва раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, Раҳматилло Зойиров, узви ин ҳизб Алим Шерзамонов дар расонаҳои ахбори ом ба табъ расидааст.
XS
SM
MD
LG