Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корзори интихоботӣ дар рӯи зини асп


Дар пайи боришоти шадиди барф ва бандшавии роҳҳо дар манотиқи баландкӯҳи водии Рашт номзадҳои Ҳизби наҳзати исломӣ тасмим гирифтаанд, ки барои сафар ба деҳоти дурдаст ва мулоқот бо мардум аз аспҳо истифода кунанд.

Муҳаммадрасул Додов, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт, мегӯяд, бо назардошти чунин як вазъи пешомада зимни як ҷаласае, ки раёсати ноҳиявии ин ҳизб доир кард, тасмим гирифта шуд, ки номзадҳо дар роҳҳои бандшуда аз аспҳо истифода шавад.

Дар ҳамин ҳол Мирзокарими Мирзораҳим, яке аз дигар аъзои ҳизби наҳзати исломӣ, дар мисоли рустои баландкӯҳи Шулхови ноҳияи Рашт гуфт, бо он ки то омадани баҳор ба самти ин деҳа роҳ нест, сокинони он дар тамоми сол барқ надоранд. Бинобар ин вай аз тасмими раёсати ноҳиявии ҳизбаш истиқбол намуда гуфт, чунин иқдом барои дарёфти бештари райъи мардум мусоидат хоҳад кард.

Дар ҳоле ки масъулини ҳизби наҳзати исломӣ дар Рашт мехоханд то ба назди интихобкунандаи дурдасти худ сафар кунанд, Лола - як сокини шахраки Ғарм мегӯяд, дар бораи номзадҳо то ба имрӯз маълумоти зарурӣ надорад.

Коршиноси маҳаллӣ Рустами Одил мегӯяд, боришоти зиёди барф ва ба сардӣ гароидани ҳаво мулоқоти номзадҳоро бо райъдиҳандагони мушкил кардааст. Вай гуфт, дар бештари вақт мавзеъҳои дурдаст, ки чандон теъдоди зиёди аҳолӣ надоранд, аз дидору мулоқоти номзадҳо бенасиб мемонанд.

Тайи ду даҳсолаи ахир барои аввалин бор аст, ки дар маъракаҳои интихоботӣ аз асп истифода мешавад. Ва дар холе, ки ба интихобот ҳамагӣ се ҳафтаи дигар мондааст, коршиносон мегӯянд, бояд аҳзоб ба хотири дарёфти бештари раъйи мардум аз ҳама имконоти мавҷуда истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG