Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қуръаи ЕВРО-2012-ро кашиданд


Имрӯз, 7-уми феврал, дар дақиқаҳое, ки дар Украина мардум раисҷумҳури навро интихоб мекарданд, дар ҳамсояи ин кишвар – Лаҳистон қуръаи сабқатеро кашиданд, ки 876 рӯз баъд ду дастаи беҳтаринаш дар Киев бо ҳам хоҳанд вохӯрд.

Украина ҳамроҳ бо Лаҳистон мизбонҳои ЕВРО-2012 мебошанд ва имрӯз Варшава мизбони маросими қуръакашии бозиҳои интихобии он буд.

Сиёсат дар ин қуръакашӣ низ ҷой дошт ва бо қарори махсуси УЕФА тасмим шуд, то Русия бо Гурҷистон дар як гурӯҳ бозӣ накунанд ва Арманистон бо Озарбойҷон низ дар як гурӯҳ набошанд.

Лаҳистон ва Украина ба ҳайси мизбон ба таври автоматӣ роҳхат ба марҳилаи ниҳоиро соҳиб мешаванд ва 51 мунтахаби боқимондаро аз рӯи нерӯ ва мавқеъашон дар рейтинги ҷаҳонӣ дар шаш сабад ҷойгир карданд. Он мунтахабҳое, ки дар як сабад буданд, бо ҳам дар марҳилаи интихобӣ бозӣ намекунанд.

Сабади аввал: Испания, Олмон, Ҳолланд, Италия, Инглистон, Хорватистон, Португалия, Фаронса, Русия.
Сабади дуввум: Юнон, Чехистон, Шведсия, Швейтсария, Сербистон, Туркия, Дания, Словакия, Руминистон.
Сабади саввум: Исроил, Булғористон, Финландия, Норвегия, Ирландия, Шотландия, Ирландияи шимолӣ, Австрия, Босния ва Ҳерзеговина.
Сабади чаҳорум: Словения, Латвия, Маҷористон, Литва, Беларус, Белгия, Уэлс, Мақдуния, Кипр.
Сабади панҷум: Черногория, Албания, Эстония, Гурҷистон, Молдова, Исландия, Арманистон, Қазоқистон, Лихтенштейн.
Сабади шашум: Озарбойҷон, Люксембург, Малта, Ҷазираҳои Фарер, Андорра, Сан-Марино.

Ва натиҷаҳои қуръакашӣ (аз ББС инглисӣ):

Гурӯҳи A: Олмон, Туркия, Австрия, Белгия, Қазоқистон, Озарбойҷон.
Гурӯҳи B: Русия, Словакия, Ирландия, Мақдуния, Арманистон, Андорра.
Гурӯҳи C: Италия, Сербистон, Ирландияи Шимолӣ, Словения, Эстония, ҷазираҳои Фарер.
Гурӯҳи D: Фаронса, Руминистон, Босния ва Ҳерзеговина, Беларус, Албания, Люксембург.
Гурӯҳи E: Ҳолланд, Шведсия, Финландия, Маҷористон, Молдова, Сан-Марино.
Гурӯҳи F: Хорватистон, Юнон, Исроил, Латвия, Гурҷистон, Малта.
Гурӯҳи G: Инглистон, Швейтсария, Булғористон, Уэлс, Черногория (Монтенегро)
Гурӯҳи H: Португалия, Дания, Норвегия, Кипр, Исландия.
Гурӯҳи I: Испания, Чехистон, Шотландия, Литва, Лихтенштейн.

Лаҳистон ва Украина ба ҳайси мизбон аллакай ду роҳхатро дар киса доранд. Ғолибони ин 9 гурӯҳ ва беҳтарин дастӣаи ҷойи дуввумаш низ ба марҳилаи ниҳоӣ роҳхат мегиранд. Ҳашт дастаи боқимонда, ки дар гурӯҳашон ҷойи дуввумро мегиранд, барои чаҳор роҳхати боқимонда дар марҳилаи плей-офф талош меварзанд. Дар соли 2008 унвони қаҳрамони Аврупо Испания ба даст оварда буд.
XS
SM
MD
LG