Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSS ва посухҳо ба хонандагон


Ахиран дар сомонаи интернетии мо як назарсанҷӣ баргузор гашт, то муайян шавад, ки хонандагони сомона то куҷо аз хадамоти он истифода мебаранд.

Натиҷаҳои он нишон медиҳанд, ки хонандагон асосан аз имкониятҳои ибтидоии сомона истифода мекунанд, вале ба ин ё он сабаб ба тавоноиҳои дигари пойгоҳи интернетии мо таваҷҷӯҳ надоранд ва ё диққати камтар медиҳанд.

Чунончи, 46 дарсади хонандагони сомона гуфтаанд, аз хадамоте чун обуна, подкаст, RSS ва сафҳаи мобилӣ истифода намекунанд. Онҳое ки аз ин имкониятҳо истифода мекунанд, ҳамагӣ 23 дарсад будаанд ва онҳое, ки чӣ будани ин хадамотро намедонанд, низ 23 дарсад.

ОБУНА, ЯЪНЕ ЧӢ?

Ин истилоҳ аз маъракаҳои обуна ба рӯзномаву маҷаллаҳо ошност. Яъне кас ба нашрияе обуна мешавад ва дар рӯзу соати муайян пайваста ин нашрияро барояш мерасонанд.

Обунаи мо ҳам тақрибан ҳамин хел аст. Хонандагоне, ки мехоҳанд, ҳар рӯз сархатти хабару гузоришҳои моро дастрас кунанд ва аз ончӣ дар сомона ба нашр мерасад, ҳамарӯза огоҳ бошанд, метавонанд дар зерхатти сарлавҳаи асосии сомона вожаи "Обуна"-ро ангушт зананд ва бо ворид кардани нишонаи почтаи электронии худ ба хабарномаи "Тозаҳои Озодӣ" обуна шаванд.

Баъдаш чӣ рӯй медиҳад? Нишонаи имейли дӯсти нави мо ба таври автоматӣ бо сомона пайванд меёбад ва ҳар рӯз сархатти хабару гузоришҳо ба обуначӣ расонда мешавад. Дар ҳолати дилхоҳ кас метавонад, ин обунаро ба осонӣ қатъ кунад.

ПОДКАСТ

Агар шунавандаи гиромӣ натавонистааст, гузориш ё барномаеро ҳангоми пахш шуданаш бишнавад, подкастинг барои ӯ имконеро фароҳам меорад, ки на танҳо онро дар вақти дигар гӯш кунед, балки бо интиқол додани сабти он ба телефони ҳамоҳ ё дастгоҳи мр3-и худ дар кӯча ё мошин ва дар вақти дилхоҳаш бо фурсату роҳат гӯш кунад.

Вожаи "подкастинг" аз омезиши ду вожаи "под" ва "броадкаст" падид омадааст. Ин фанноварии мададрасонест, ки барнома ё намоишҳои баргузидаи шуморо ҳангоми пахш шуданашон ба таври худкор гирд меорад ва ба компютери Шумо мекӯчонад.

Ба ин тартиб, ин имконро хоҳед дошт, ки дар замони дилхоҳи худ ба барномаи бароятон муҳим ё маҳбуб гӯш диҳед.

Тарзи корбасти Подкаст дар поёни сафҳаи аввали сомона зери аломати он ба таври муфассал қаламдод шудааст.

БАРТАРИҲОИ RSS

RSS ҳамон обунаест, ки мисли подкастинг кор мекунад, вале обунае, ки на бо интихоби мо, балки бо интихоби худи шунаванда ба амал меояд.

Вай бидуни он ки вақти худро барои ҷамъоварии ахбор ва иттилоот дар сомонаҳои мухталиф сарф кунад, метавонад аз тариқи RSS сархатти ҳама матолиби сомонаҳои мавриди назарашро ба тавре, ки мехоҳад, бубинад.

Он гоҳ, метавонад матлаберо, ки мехоҳад, интихоб карда, онро дар рӯи сайти аслияш бихонад.

Яъне ин як маҷмӯаи пайвандак ё линкҳо мебошад, ки бино бар завқу хости худи шунаванда ва хонанда сохта шуда, баъдан ба таври автоматӣ амал мекунад.

ОЗОДӢ ДАР ТЕЛЕФОНИ ШУМО

Хуб, сафҳаи мобайли мо сафҳест, ки дар телефони ҳамроҳ ё телефонии дастии Шумо пайдо мешавад, агар телефонатон бо интернет пайванд бошад ва агар нишонаи интернетии Озодиро дар он ҷустуҷӯ кунед.

Зоҳиран, сабаби камтаваҷҷӯҳӣ ба ин тавоноиҳои инернетӣ дар он аст, ки шумораи ками хонандагон ба ин ҷиҳатҳо эътибор медиҳад ва ҳамчунин дарку дониши навигариҳои интернет дар кишвар маҳдуд аст.

Барои намуна, ягон нашрия ё маҷаллаи техникӣ, сомона ё блоге нест, ки ба ҷавонон, ба мардум шеваи кори ин намунаҳои пешрафта ва умуман навгониҳои фанновариҳои иттилоотиро бифаҳмонанд.

МУШКИЛИ ҲИФЗИ ВИДЕО

Феълан, нусхагирӣ ё ҳифзи гузоришҳои видеоии мо дар компютерҳои шахсӣ ё диску фрешкардҳо мушкил аст. Зеро наворҳои видео дар сомонаи мо ба хотири истифодаи осонтарашон дар кишваре, ки суръати интернет бисёр паст аст, дар шакли Флаш нашр мешаванд.

Ин ҳам як чизи нисбатан нав аст, қаблан гузоришҳои видеоии мо дар шакли MPEG нашр мешуданд ва дар гӯшаи болоии рости онҳо ишорае буд, ки бо ангушт задан ба он мешуд, видеоро дар ройона ё компютери худ ҳифз кард.

Аммо барои он ба навъи Флаш-видео гузаштем, ки онҳо ҳаҷман ҷои бузургеро ишғол намекунанд ва дидани онҳо дар Тоҷикистон нисбатан осонтар аст.
Ин шакли видеоро мешавад, танҳо замоне дар ройона ё компютери худ ҳифз кард, ки агар барномаи Orbit Downloader дошта бошед.

Ин барномаро мешавад аз сафҳаи интернетии www.orbitdownloader.com ба компютери худ кӯчонд ва насб кард ва он гоҳ Шумо видеоро дар сафҳаи мо бо истифода аз ҳамин барномаи Orbit Downloader боз мекунед, ки ҳамзамон ба Шумо пешниҳоди ҳифзи видеоро мекунад.

Ба эҳтимоли зиёд, дар оянда низомеро роҳандозӣ хоҳем кард, ки нусха гирифтан аз наворҳои видеоии мо ё фиристодани ин наворҳо ба ҳамдигар ба маротиб осонтар шавад.
XS
SM
MD
LG