Тасмим ин аст, ки бо истифода аз видео нишон диҳем, ки дарёфти амвоҷи Радиои Озодӣ аз тариқи моҳвора ҳеҷ мушкиле надорад ва шунидани барномаҳои мо ба ин восита роҳату хушоянд аст. Шояд ба ин сабаб аст, ки аксари шунавандагони доимии барномаҳои мо мегӯянд, кайҳо аз ҷустуҷӯи мавҷи кӯтоҳ дар радиочаҳо даст кашида, пурра ба моҳвора гузаштаанд.
Аммо барои онҳое, ки мегӯянд, дарёфти амвоҷи барномаҳои мо дар сателлит душвор аст, ин наворро пешкаш мекунем. Дар он мутахассиси насби дастгоҳ ва мавҷгирҳои моҳвораӣ ба забони хеле содаву фаҳмо мегӯяд ва нишон медиҳад, ки дарёфти мавҷҳои Радиои Озодӣ дар моҳвора чӣ қадар осон аст. Ва садои ҳамкорони моро низ хоҳед шунид, ки бе ягон халал, тоза ва булӯрист. Мешавад, ҳатто мусиқии хуби тоҷикиро низ аз ин ҷо шунид.
Бубинед, истифода кунед ва агар мушкиле доштед, ба мо бинависед: