Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нома ба "Ояндасоз"


Иброҳим Рустамов
Иброҳим Рустамов

Салом ба Зарангез, Шаҳло, Фирӯз ва кулли кормандони Радиои Озодӣ!

Барои барномаҳои хуб бо сурудҳои беҳтарин ба шумоён хеле сипосгузорам.
Беҳтар аз барномаҳои Озодӣ ҳар даъфа шумоёнро мешунавам ва маҳз маҷаллаи
Ояндасозро рӯзи дароз ва ҳафтаҳо фикру андеша мекунам.

Имрӯз дар бораи ҷавонон дар ҳукумат барномаро гӯш кардам ва умед дорам,
ки рӯзе ҷавонони болаёқат низ ба саҳнаи сиёсӣ ҷалб карда мешаванд.

Ҳамеша фикр мекунам, ки чаро Ҷавонон Ояндаи Миллат мегӯему дар ҳукумат
чеҳраҳои ба синни нафақарасида кору фаъолияти пештараи худро давом дода
истодаанд. Чун як донишҷӯи тоҷик дар хориҷа умед дорам дар Тоҷикистон
барои ҷавонони тоҷики дар хориҷа таҳсилкардаистода барои кору фаъолият
ва амалӣ кардани нақшаҳои пеш бурдани Тоҷикистон шароит фароҳам оварда
мешавад.

Он чие, ки маро хавотир мекунад ин набудани шароит барои
ҷавонон дар кишвар аст. Бисёр ҷавонони болаёқат ояндаи худро дар хориҷ
аз кишвар мебинанд. Шумораи зиёди омӯзгорон ва ҷавонони хуб дар Русия
дар сохтмонҳо кор мекунанд. Мо бояд барои ояндаи Тоҷикистон шароитро
барои ҷавонон фароҳам кунем.

Аз ТАЛКО барои баргардонидани Расул Боқиев аз Русия хеле хушҳол шудам.
Умедворам Расул Боқиев бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ва ТАЛКО бисёр
варзишгарони сатҳи ҷаҳониро хоҳад тарбия кард ва ба ҳамаи насли наврас
як намунае хоҳад буд.

Бо камоли мамнуният ва орзуҳои саломатӣ барои шумоён,

Иброҳим Рустамов
Ҳартфорд. иёлати Коннектикут, ИМА
XS
SM
MD
LG