Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рейтинги FIFA: Тоҷикистон 17 зина боло - 148-ум шуд


Тоҷикистон дар феҳрист ё рейтинги навини FIFA (Федеросиюни байнулмилалии футбол) байни беш аз 200 дастаи миллии кишварҳои ҷаҳон 17 зина боло шуд ва дар ҷои 148-ум қарор гирифтааст.

Тоҷикистон миёни 15 кишвари собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ дар зинаи пешазохирин - 14-ум қарор дорад. Русия миёни ин кишварҳо дар ҷои аввал ва дар феҳристи ҷаҳонӣ мавқеъаш 1 зина поён шуд (ҷои 13-ум). Укроин мисли пешин дар байни кишварҳои собиқи шӯравӣ дуввум аст ва дар ҷаҳон 2 зина поён фуромад (24-ум). Мавқеъи дигар дастаҳои миллии кишварҳои собиқи Шӯравӣ дар феҳристи FIFA: 49. Латвия (45-ум буд). 62. Литва (62). 75. Узбакистон (76). 80. Беларус (80). 96. Молдова (94). 102. Арманистон (100). 104. Эстония (102). 114. Озарбойҷон (117). 122. Гурҷистон (124). 123. Қазоқистон (125). 134. Туркманистон (141). 148. Тоҷикистон (165). 158. Қирғизистон (159).

Дастаи миллии Испания (қаҳрамони Аврупо-2008) дар феҳристи FIFA мисли пешин дар ҷои аввал аст. Бразилия ҷои дуввумро касб кардааст. Ҳуланд дар ҷои севум мебошад. Миёни даҳ тими беҳтарини ҷаҳон, инчунин, Италия (қаҳрамони феълии ҷаҳон), Португол, Олмон, Фаронса, Аргентина, Инглистон ва Миср ҷойгиранд. Бояд гуфт, ки Миср якбора 14 зина боло шуд.

Дастаҳои мунтахаби миллии кишварҳои ҷаҳон дар феҳристи FIFA аз рӯи натоиҷи бозиҳояшон дар мусобиқоти мухталифи расмию рафиқона ҷойгир шудаанд. Мунтахаби Тоҷикистон охири моҳи декабри соли гузашта ва аввали моҳи январи соли равон дар меҳмонӣ бо мунтахаби Яман ду бозии дӯстона анҷом дода буд. Дар бозии аввал яманиҳо бо ҳисоби 2:1 ва дар бозии дуввум футболбозони тоҷик бо ҳисоби 1:0 пирӯз шудаанд.

Бояд тазаккур дод, натиҷаи беҳтарини Тоҷикистон дар рейтинги FIFA ин ҷои 118-ум дар соли 1997 мебошад. Натиҷаи аз ҳама пасти дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон аз ин пеш ҷои 172-юм аз рӯи натиҷагирии моҳи сентябри соли 2009-ум буд.
XS
SM
MD
LG