Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати хабарнигори "Озодӣ" ба додситонӣ


Додситонии кулли Тоҷикистон хабарнигори Радиои Озодӣ дар минтақаи Кӯлоб, Абдулмӯъмин Шерхоновро барои як гуфтугӯ даъват карда, афзудааст, ки дар ҳоли ҳозир нашуданаш иҷборан ба додситонӣ оварда хоҳад шуд.

Кормандони умури дохилии шаҳри Кӯлоб, ки ин даъватро ба Абдулмӯъмин Шерхонов (Мӯъмин Аҳмадӣ) расондаанд, ҳушдор додаанд, ки бо зӯрӣ ба додситонӣ бурдани ӯ кори хушоянд нахоҳад буд. Онҳо гуфтаанд, додситони Додситонии кулли Тоҷикистон Ибодов мехоҳад бо ӯ мулоқот кунад.

Дар бораи сабабҳои даъвати ҳамкори мо ба Додситонии кулли Тоҷикистон иттилои расмие дода намешава, вале ахиран, яке аз матолиби ӯ дар бораи ҳалокати як сарбоз дар қисми ҳарбӣ сабаби озурдагии Додситонии низомии Тоҷикистон шуда буд.

Абдулмӯъмин Шерхонов ғолибан аз муҳимтарин ва ҳассостарин мавзӯъҳои ҳаёти ҷомеа хабар медиҳад ва ба таҳқиқи чунин рӯйдодҳо машғул аст. Хонандагон ва шунавандагон силсилаи матолиби ӯро дар бораи таъсири пойгоҳи ҳарбии Русия ба ҳаёти мардуми шаҳри Кӯлоб хуб дар хотир доранд.

Моҳи январи соли гузашта барои яке аз мақолаҳои худ Абдулмӯъмин мавриди латукӯби афроди ҷиноятпеша қарор ёфта буд. Ҳарчанд кормандони умури дохилӣ аз боздошти гумонбаршудагон хабар доданд, натиҷаи парванда то ҳанӯз эълон нашудааст.
XS
SM
MD
LG