Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Рубин» - барандаи Ҷоми Иттиҳод-2010


Дастаи «Рубин»-и Қазон барандаи Ҷоми қаҳрамонони Ҷомеаи Кишварҳои Муштаракулманофеъ ва Балтик гардид.

«Рубин» дар бозии ниҳоии ин мусобиқаи байнулмилалӣ, ки барои бори ҳаждаҳум баргузор шуд, 24-уми январ дар маҷмаъаи варзишии «Олимпийский»-и шаҳри Маскав тими «Оқтеппа»-и Қазоқистонро бо ҳисоби 5:2 шикаст дод. (Голҳо: Портнягин, 4 (1:0). Эссомба, 12 (1:1). Жестоков, 39 (2:1). Яркин, 45 (3:1). Кенжисариев, 49 (3:2). Портнягин, 60 – аз пенолти (4:2). Котляров, 86 (5:2).

Воқеъан дастаи «Оқтеппа», қаҳрамони Қазоқистон, дар сабқати гурӯҳи «В» тими «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб карда буд.

Бояд зикр кард, дар Ҷоми Иттиҳод ҳайати ҷавонони «Рубин» ширкат карданд, ки яке аз мураббиёнаш Владимир Ежуров, шогирди футболи тоҷик аст. Ба ҳайати ин даста, инчунин, ду футболбози ҷавони тоҷик Парвиз Умарбоев ва Алишер Ҷалилов шомиланд.

Натоиҷи бозиҳои ниманиҳоӣ
«Оқтеппа» (Қазоқистон) – «Экранас» (Литва) – 3:0 (голҳо: Кенжисариев – 2, Головской).

МТТУ (Туркманистон) - «Рубин» (Қазон) – 0:4
(голҳо: Портнягин, Яркин, Афонин, Кухарчук).
XS
SM
MD
LG